ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон овоздиҳӣ оид ба ворид кардани тағйирот ба Конститутсияи Русия дар шаш участкаи интихоботӣ баргузор мешавад, хабар медиҳад Sputnik Тоҷикистон.
Тибқи иттилои сафорати Русия дар Душанбе, 5208 шаҳрванди Русия дар тӯли шаш рӯз (ба истиснои участкаи интихоботӣ дар консулгарии Хуҷанд) то соати 14:00 ба вақти маҳаллӣ (12 соати вақти Маскав) овоз доданд.
Танҳо дар шаҳри Душанбе ба сафорат 630 нафар шаҳрвандони Русия барои овоздиҳӣ омаданд.
"Дар ҳавзаи интихоботии Сафорати Русия дар Душанбе шумораи зиёди раъйдиҳандагон дар навбатанд", - иттилох медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Тибқи талаботи санитарӣ-эпидемиологии “Роспотребнадзор” дар даромадгоҳи сафорат ҳар касе, ки ба овоздиҳӣ омадааст, табашро тафтиш мекунад, дастҳо бо антисептикҳо шуста мешавад ва агар раъйдиҳанда ниқоб ва дастпӯшак надошта бошад, пас ба ӯ дода мешавад.
Чунин чораҳо бо сабаби пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус андешида шудаанд.
Ҳамчунин ба нафароне, ки бо оилаҳо омада буданд, хоҳиш карда шуд, ки дар бино якдигарро интизор нашаванд, балки баъди овоз додан ба берун бароянд.
Қобили зикр аст, ки имрӯз Душанбе хеле гарм аст, ҳарорати ҳаво то 35 дараҷа боло рафтааст.
Аммо, сарфи назар аз чунин ҳавои гарм ва набудани шамол, шаҳрвандони Русия дар барои овоздиҳӣ дар навбатанд.
Мувофиқи талаботи “Роспотребнадзор” барои овоздиҳӣ якнафарӣ бо риояи фосила ба сафорат ворид карда мешавад.
Дар Тоҷикистон 3580 раъйдиҳанда пеш аз мӯҳлат овоз доданд, ки дар байни онҳо хизматчиёни пойгоҳи ҳарбии 201, дипломатҳо ва оилаҳои онҳо ва кормандони идораҳои хориҷаи Русия дар Тоҷикистон мебошанд.