Тоҷикистон ҳудуди 300 шаҳрвандашро аз марзҳои Ӯзбекистону Қазоқистон баргардонд

Ҳамчунин, 29 июни соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти қазоқистонӣ 200 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» аз Алмато ба Душанбе баргаштанд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Чанде пеш ҳудуди 300 шаҳрванди Тоҷикистон аз марзҳои Ӯзбекистону Қазоқистон ба Ватан баргардонида шуданд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар медиҳад.

Сатторов: 3 000 тоҷикистонӣ хоҳиши парвоз аз Русия ба Тоҷикистонро доранд
Тавре манбаъ менависад, 28-29 июн дар партави дастури президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи кишварҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон  297 шаҳрванди мамлакат ба Ватан оварда шуданд.

"Аз ҷумла, 28 июн дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи Ӯзбекистон 97 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар он кишвар муваққатан қарор доштанд, тариқи гузаргоҳи "Дустӣ"-и сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон ба Ватан оварда шуданд", - менависад манбаъ.

Ҳамчунин, 29 июни соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти қазоқистонӣ 200 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо парвози махсуси ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз Алмато ба Душанбе баргаштанд.