Шавҳар ба милиса шикоят бурд: занам маро бо корд зад

ВУД Тоҷикистон аз боздошти ҷавонзани 25-сола хабар дод, ки дар як ҷангу ҷанҷоли хонаводагӣ ба сари шавҳари худ кордкашӣ кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон марди 31-сола, ки аз дасти ҳамсари худ корд хурдааст, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ шудааст.

Кордкашӣ дар Шӯробод: марди 63-сола ба қисмати чапи қафаси синаи ҳамшаҳрияш корд задааст

Тибқи иттилои манбаъ, ин ҳодиса санаи 22-юми июн соли равон тахминан 21:00 шаб сурат гирифтааст.

“Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 22-юми июни соли равон, тахминан соати 21:00 ҳамсараш ҷавонзани 25-солаи сокини ҳамон ҷо дар хонаи истиқоматиаш ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд 1-маротиба ба баданаш задааст”, - таъкид доштааст манбаъ.

Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон дар натиҷа ҷабрдида мувофиқи маълумотномаи судди тиббӣ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз руи ин ҳодиса тафтишотро идома доранд.