ДУШАНБЕ, 30 июн – Sputnik. Сафари раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд аз деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз шуда, дар ин деҳаи наздимарзӣ Эмомали Раҳмон имрӯз 30-уми июн Маркази тахшхисию табобатии “Ваҳдат” ро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор додааст.
Ба иттилоъи Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон Маркази ташхисию табобатии "Ваҳдат" яке аз иншооти ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумурда шуда, он аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Муҳиддин Самадов бунёд карда шудааст.
Сохтмони ин иншооти иборат аз се ошёнаӣ дар масоҳати 0,60 гектор дар соли 2018 оғоз гардида, дар муҳлати пешбинишуда бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.
Аснои боздид ба Президент иттилоъ дода шудааст, ки айни ҳол дар қаламрави Суғд даҳҳо ширкату коргоҳҳои истеҳсоли маводи тиббӣ фаъоланд ва талаботи муассисаҳои тиббии вилоятро қисман бо асбобҳои зарурӣ таъмин карда метавонанд.
Аз ҷумла беморхонаҳо бо кату рахтҳои хоб, дастгоҳҳои ташхисӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ пурра аз ҳисоби ширкатҳои ватанӣ таъмин карда мешаванд.
Дар Маркази тибби “Ваҳдат” шуъбаҳои ҷарроҳии эндоскопӣ, дандонпизишкӣ, ташхиси фаросавтӣ, таҳлилгоҳ, утоқҳои физиотерапевтӣ ва солимгардонӣ ҷой дода шуда, барои беморон 10 кати хоб мавҷуд аст. Дар пайи фаъолияти ин Марказ дар назар аст 35 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ ва маош таъмин хоҳанд шуд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ бо шароитҳои Марказ, ба соҳибкорони маҳаллӣ барои дастгирии сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат изҳори сипос намуда, ба масъулони Вазорати тандурустӣ ва дастур додааст, ки фаъолияти бахши хусусиро дар соҳаи тандурустӣ боз ҳам тақвият намоянд.
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд идома дорад ва қарор аст, Президент ба ноҳияҳои Деваштич, Мастчоҳ ва шаҳрҳои Хуҷанду Гулистон рафта аз вазъи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии хоҷагии халқ боздид намояд.