Бонки ҷаҳонӣ барои бозсозии НБО Норак пул медиҳад

Бонки ҷаҳонӣ барои бозсозии нерӯгоҳи барқи обии Норак ба Тоҷикистон 50 миллион доллар кӯмак хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik.  Ҷон Питер  Ултрас, раиси намояндагии Банки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон  таъкид доштааст, ки ин сармоягузорӣ дар шароити шуюъи вируси корона боиси эҷоди шуғлу даромад ҷадид барои шаҳрвандон  Тоҷикистон хаҳад шуд.

Омодагии Тоҷикистон ба оғози кори давраи дуюми лоиҳаи навсозии НБО Норак

Вай афзуд, бозсозии  турбинҳо ва генераторҳои нерӯгоҳ  боиси афзоиши тавлиди барқ дар кишвар хоҳад шуд .

Раиси намояндагони Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон қайд кард, ки дар марҳилаи дуввум кӯмаки молиявӣ барои барқарор кардани шаш агрегати боқимонда дар кӯпруки Роҳи Норак ва бунёди нерӯгоҳи барқӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҷон Питер Ултрас илова кард, ки ҳазинаи марҳилаи дуввум 192 миллион доллар хоҳад дошт.

Неругоҳи барқи обии Норак - дар дарёи Вахш сохта шудааст. Сохтмони нерӯгоҳ соли 1961 оғоз гардида, гидроагрегати нахустини он соли 1972, охиринаш соли 1979 ба кор дароварда шудааст. Дар Нерӯгоҳи барқи обии Норак 9 гидроагрегати иқтидори лоиҳавиашон 300 ҳазор кВт насб шудаанд. Иқтидори умумии муайяншудаи неругоҳ 3000 ҳазор кВт - ро ташкил медиҳад.

Раҳмон ба таҷдиду таъмири НБО “Норак” оғози расмӣ бахшид

Сохтмони НБО-и Норак соли 1961 оғоз ёфт, агрегати якуми он 15 ноябри соли 1972, бо иқтидори 300 МВт ва нерӯгоҳ бо иқтидори пурраш (2700 МВт) - соли 1979 ба истифода супорида шуд. Соли 1988 ҳамаи нўҳ агрегати нерӯгоҳ таҷдид гардида, иқтидори ҳар кадом ба 335 МВт ва иқтидори умумии нерўгоҳ ба 3000 МВт расонида шуд. Бо ин иқтидори бузург НБО-и Норак афсонае буд, ки дар кишвари мо ба ҳақиқат табдил ёфт, номи Тоҷикистонро дар арсаи олам машҳур намуд. Аз дигар тараф маҳз НБО-и Норак исбот сохт, ки захираҳои гидроэнергетикии кишвари мо, ки дар як сол 527 миллиард кВт.сатро ташкил медиҳад ва он аз ибтидои солҳои сиюми асри гузашта таҳқиқ мешаванд, воқеӣ буда, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии тамоми минтақа нафъовару манфиатбахшанд.

Баландии сарбанди НБО Норак — 300 метр мебошад.