"Диловарони Басманда": ҷанговарони як деҳаи тоҷик дар ҷанги бузург

"Диловарони Басманда" - таърихи мукаммали ширкати ҷанговарони як деҳаи Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги ватанӣ аст, ки акнун ба чоп расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Илҳомҷон Бониёзов, муаллифи китоби мазкур ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, қарор буд китоб дар остонаи 9 май – Рӯзи Ғалаба бар фашизми гитлерӣ нашр ва муаррифӣ шавад, аммо ин имкон нав даст дод.

"Ҳадаф аз нашри ин китоб ин аст, ки наслҳои оянда қаҳрамониҳои падару бобоёни худро фаромӯш накунанд ва дар руҳияи ватандӯстиву мардонагӣ тарбият ёбанд. Таърихи башарият ҳазорҳо ҳодисаро дар сафҳаҳои худ сабт кардааст, аммо рӯйдодҳое ҳастанд, ки сол аз сол бар бузургиву шаҳоматашон афзуда мешавад. Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҳамин қабил ҳодисаҳост. Ҷои ифтихор аст, ки дар ин рухдоди бузурги таърихӣ падару бобоёни мо низ ширкат карда, дар сохтани ин таърихи пурифтихор саҳм доштанд", - гуфт Илҳомҷон Бониёзов.

Басманда бузургтарин деҳаи ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) ва дар солҳои 40 – уми асри гузашта ноҳияи Калининободи вилояти Суғд буда, 12 ҳазор нафар аҳолӣ дорад.

“Ҷанг барои “Маснавӣ”: дар Душанбе тайи 5 соат 10 ҳазор китоб фурӯхта шуд

Бино ба китоби "Диловарони Басманда", дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 145 ҷавони ин деҳа дар сафи Артиши Шӯравӣ ба майдонҳои набард эъзом шуда, дар муҳорибаҳои Маскаву Ленинград, Камонаки Курск, озодии шаҳрҳои Смоленску Псков, Воронежу Орёл, ҷумҳуриҳои Украинаю Белорус, назди Балтика, Лаҳистон, Руминия, Маҷористон, Булғористон, Чехославакияву Югославия, Олмон, ҳамчунин Ҷанги Ҷопон ширкат кардаанд.

"Дар ин ҷангҳо 72 ҷавони ин деҳа ба шаҳодат расида, аз ин миён 24 нафари дигар беному нишон гум шудаанд. Мо ба бойгониҳои вазоратҳои дифоъи Тоҷикистону Русия ва дигар кишварҳои собиқ Шӯравӣ дархост фиристодаем, то ба сарнавишти онҳо рӯшанӣ андозанд", - гуфт Илҳомҷон Бониёзов.

Ғарб мехоҳад таърихро мунтазам аз нав нависад. Ва ин кор шуда истодаст

Ҷанговарони деҳаи Басманда барои корнамоиҳои худ ордену медалҳои зиёдеро, аз қабили "Ситораи сурх", "Ҷанги ватанӣ", "Шараф", раҳматномаҳои сарфармондеҳи Олии Неруҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Сталин ва ғайраро камоӣ кардаанд.

Дар китоб ҳамчунин кору ҷонфишониҳои мардуми Басманда дар ақибгоҳ низ ба риштаи тасвир кашида шудааст, ки ғалла, гӯшт, пашм, шир ва аспҳоро дар ихтиёри ҷабҳаи умумӣ қарор медоданд.

"Диловарони Басманда" дуввумин китоби полковник Илҳомҷон Бониёзов буда, чанде қабл китоби дигари ӯ бо ҳаммуаллифии Назаршо Назаршоев – "Таърихи низомии Тоҷикистон" – мукаммалтарин таърихи низомии Тоҷикистон дар ду ҷилд ба чоп баромада буд.