ВКД: падари маст ба синаи писараш корд зад

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз фоҷиаи хонаводагӣ дар шаҳри Хуҷанд хабар додааст, ки дар натиҷаи истеъмоли шароб сар задааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июн – Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, маъмурини милиса марди 59-сола, сокини шаҳри Хуҷандро боздошт кардаанд, ки дар расондани зарари вазнин ба саломатии писараш айбдор мешавад. 

Аз генерал то тарҷумон: даргузашти собиқадорони ҷанги Афғонистон дар даври “вируси корона”

"Номбурда, санаи 26-уми июни соли 2020, тахминан соати 17:00 дар манзили истиқоматиаш нӯшокиҳои спиртӣ истеъмол намуда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада бо писараш, марди 34-солаи сокини ҳамон ҷо, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагӣ як маротиба ба қафаси синааш задааст", - омадааст дар иттилоия.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Мақомот таъкид намуданд, ки нисбати муттаҳам парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.