Мурашко: Русия омода аст, ваксинаҳои коронавирусро ба бозори ҷаҳонӣ ворид созад

Русия аз рӯзҳои аввали пандемияи коронавирус ба кишварҳои хориҷӣ кумак мекунад, гуфт вазири тандурустӣ Михаил Мурашко
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Русия омодааст ваксинаҳо барои коронавируси навро ба бозори ҷаҳонӣ ворид кунад, гуфт Михаил Мурашко, сардори Вазорати тандурустии кишвар зимни саммити “Ҳадафи глобалӣ - Иттиҳод барои оянда”.

Ҷаҳон дар гирдоби COVID-19: шумори фавтидагон аз ним миллион гузашт

Мурашко хотирнишон кард, ки аз рӯзҳои аввали пандемияи коронавирус Русия ба кишварҳои хориҷӣ кӯмак расонидааст ва омода аст, ки дар оянда низ ин корро идома диҳад.

Аз ҷумла, кишвар иштирокчиёни СҲШ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро дастгирӣ мекунад.

"Бо назардошти хатари мавҷи дуюми пандемия, Русия омода аст, ки ба бозори ҷаҳонӣ имкононти зиддивирусӣ, аз ҷумла доруҳо, системаҳои озмоишӣ ва ваксинаҳоро таъмин кунад" гуфт вазири тандурустӣ.

Ёдовар мешавем, ки 17 июн дар Русия озмоишҳои клиникии ваксина бар зидди коронавируси нав SARS-CoV-2 оғоз ёфт. Мутахассисон самаранокӣ ва бехатарии шаклҳои моеъ ва сахти доруи таҳияшударо таҳлил мекунанд.

Тибқи охирин оморҳо, теъдоди гирифторони коронавирус дар Русия ба 634,4 ҳазор нафар расида, зиёда аз 9 ҳазор беморон қурбонии ин маризӣ шудаанд.