35 ҳазор доллар - порагирии суду милисаи тақаллубӣ барои озодии 1 маҳбуси солхӯрда

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд зани 36-сола, ки худро милиса муаррифӣ мекардааст, бо шарикаш аз шаҳри Душанбе, ки худро корманди Суди Олӣ гуфта, пора дар ҳаҷми махсусан калон гирифтаанд, ҷарима баст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 июн – Sputnik. Тибқи иттилои мақомоти тафтишотӣ ва  додгоҳии Хуҷанд, зани 36-сола ҳамроҳи шиносаш аз шаҳри Душанбе, ба боварии марди 35-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даромада, аз ӯ барои озод кардани падари 69-cолааш аз маҳбас 35 ҳазор доллар талаб кардаанд. Қисмати асосии маблағро пештар гирифта, аввали соли равон ҳангоми гирифтани 120 ҳазор сомонӣ аз писари маҳбус дастгир шудааст.

Ҳамлаи пешхизмати 18-сола ба писари тарабхонадори чинӣ дар Душанбе: ҳукм- 12,5 соли зиндон

Марди солхӯрда, ки дар зиндони Хуҷанд нигоҳдорӣ мешавад, соли 2008 барои одамкушӣ ба 24 соли зиндон маҳкум гардидааст.

Зани муттаҳам соли 2015 ба наздикони маҳбус ваъда додаст, ки бар ивази 35 ҳазор доллари ИМА ҳамроҳи шиносаш, корманди Суди Олии Тоҷикистон падарашонро дар давоми 6 моҳ ба озодӣ мебарорад.

Ҷазо-ҷарима бе маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо

Қаблан Вазорати умури дохилӣ дар шарҳи қазия гуфта буд, ки зани муттаҳам ҳангоми гирифтани 120 ҳазор сомонӣ аз хонаводаи маҳбус дастгир шуда, зимни тафтиш муайян гардид, ки ӯ қаблан соли 2015 низ аз онҳо 18 ҳазор доллари амрикоӣ гирифтааст.

ВКД: падари маст ба синаи писараш корд зад

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд зани муттаҳамро, ки худро корманди милиса мегуфтааст, ба андозаи андозаи 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 84 ҳазору 680 сомонӣ ҷарима баста, шиносаш аз шаҳри Душанбе, ки худро корманди Суди Олии Тоҷикистон мегуфтааст, ба андозаи 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 87 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима бастааст. Ҷамъ маблағи ҷаримаи милисаю суди тақаллубӣ беш аз 170 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Боздиди Файзов аз иншооте, ки Раҳмон дар Хоруғ мекушояд-аксҳо

Дар қарори додгоҳ таъкид шудааст, ки ҷазо нисбати гунаҳкорон дар қаллобӣ, бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян, таъйин карда шудааст.