Ҳушдори обуҳавошиносон: борони кӯтоҳ ва гармо то 33 дараҷа

Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво аз 31 то 33 дараҷа гарм мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Ҳаво шабона 16+18 ва  рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад.

Ҳушдори обуҳавошиносон: обуҳаво якуякбора ноустувор шуда, борону барф меборад

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо  шабона 16+21 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 20+25 дараҷа  гарм мешавад.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, эҳтимоли борони кӯтоҳмуддат ба амл меояд. Ҳаво дар ғарби вилоят   шабона 10+15 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 0+5 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво камабр шууда, дар водиҳо эҳтимоли бориши нисбатан сусти марҳилавӣ ва ноҳияҳои алоҳида кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шудааст. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво  дар водиҳо шабона 15+2 0ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилаӣ дар назар аст. Чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 34+41 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 14+19  ва рӯзона 28+33  дараҷа гарм мешавад.