Парванда ва ҷаримаи як зани 63 сола барои мубодилаи асъори хориҷа дар Душанбе

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт як зани солхӯрдаро бо иттиҳоми хариду фурӯши асъори хориҷа ҷарима кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27  июн — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи расмии ин ниҳод, додгоҳ сокини ноҳияи Рӯдакӣ Муҳабат Тураеваи 63 сола, нафақахур ва модари шаш фарзандро ҷарима кардааст.

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

Ба иттилои манбаъ, Тураева Муҳабат санаи 21 марти соли ҷорӣ тахминан соати 1:30 дақиқа ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативи ҷустуҷўӣ, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Н.Муҳаммад ба мубодилаи асъори хориҷи машғул шудааст, ки дар натиҷа ҳолати мазкур ошкор гардида, нисбати Тураева Муҳабат бо моддаи 541 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

“Ҳуқуқвайронкунанда Тураева Муҳабат дар рафти мурофиаи судӣ худашро гунаҳгор шуморида, аз кардааш пушаймонӣ изҳор намуда, хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад”,-афзудааст манбаъ.

“Лада-Приора” бо “Опел-Астра”: Боздошти ду ҷавон барои ташкили пойгаи шабона дар Душанбе

Манбаъ мегӯяд, судя  бо назардошти ҳама ҳолатҳоТураева Муҳабатро гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 50 (панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 2900 (ду ҳазору нуҳсад) сомонӣ бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба фоидаи давлат таъин кард.

Дар Тоҷикистон барои  берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ буда, риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.