Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Камтар шуд: омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди гирифторони COVID-19 дар кишвар то шоми имрӯз ба 5 ҳазору 799 нафар расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 52 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 сабт шуда, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 27 июн ба 5799 нафар расид. Рӯзи гузашта ин нишондод 56 ҳолат дар як шабонарӯзро ташкил дода буд.

"Ҳамла"- и COVID -19 ба дастгоҳи раисҷумҳур: мушовири сарвазир ҳам олудаи коронавирус шуд

Манбаъ афзуд, ки то имрӯз дар мамлакат 4391 б нафар ё худ 75,7%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

"Шабонарӯзи охир 278 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 60 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд", - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Мақомоти Тоҷикистон зикр намудаанд, ки феълан дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд. Ба ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд, таъкид кард манбаъ.