Хандаю гиряи Мадина: суҳбат аз ҷудоии волидон, таҳдид бо корд ва ошиқи қафқозӣ-видео

Мадина Ақназарова, овозхони ҷавону шинохтаи тоҷик, дар барномаи “Ногуфтаҳо”-и Орзу Исо аз ҳаёту эҷодиёти худ бо хандаю ҷое бо гиря нақл кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Ӯ гуфт, ягона духтари волидонаш мебошад ва замоне, ки синфи як мерафт, падару модараш аз ҳам ҷудо шуданд.

Ба гуфтаи овозхон, модараш ӯро чунин тарбият кардааст, ки дар ҳар ҳолату дар ҳар сурат миннатдори падараш бошад, чун маҳз падар ӯро ҳаёт бахшидааст.

Ақназарова таъкид кард, ки ҳеч гоҳ аламу бадбиние нисбати падар надошт, аммо гоҳо агар зери таъсири омилҳое аз атроф сари эҳсос чизе гӯяд, модар ҳамеша ба дӯстдории падар талқинаш мекард.

Иқрор бо дидаи гирён: Мадина гуфт, падарашро дӯст намедорад-видео

Ӯ дар идома ашк рехту гуфт, нахустин бор дар зиндагист, ки аз барои падар гирист.  Овозхон дар шарҳи ашкрезӣ гуфт, дар кӯдакӣ набудани падарро тақрибан эҳсос намекард, аммо замоне 13 ё 14 сол дошт, падар пайдо шуду таваҷҷуҳ мекарду боз якбора ғайб зад. Шояд зуҳури ин лаҳза дар хотира боиси ашкрезӣ шуд, илова кард Мадина.

Ӯ афзуд, ки феълан падараш оиладор мебошад, дар Помир истиқомат мекунад ва чун фарзанд омода аст, ҳар кумаке лозим шаваду аз дасташ ояд, мерасонад. Ақназарова дар идома иқрор шуд, ки падарро эҳтиром мекунад, аммо ҳисси дӯстдорӣ нисбати ӯ надорад.

“Дӯст медоранд,  вақте инсон дар наздат аст, дар зиндагият иштирок мекунад,  аммо дӯстдорӣ аз маҷбурӣ намешавад”, - изҳор дошт Мадина.

Ошиқи қафқозӣ

Ба суол дар  бораи саргузаштҳои ошиқона, Мадина гуфт, ки замони зиндагияш дар Санкт Петербург ҳеч чунин ҳолате бо ӯ рух надодааст, ҳатто туҳфа дар рӯзи ошиқон нагирифтааст.

Овозхон нақл кард, танҳо ҳолате буд, ки ҷавони қафқозие ба ӯ таваҷҷуҳ карду чанд рӯз паиҳам бо гулу гулдастаҳо аз мактаб пешвоз мегирифт, аммо ӯ тарсиду он ҳамаро қабул накард. Мадина гуфт, дар пайи шунидани қиссаҳои арӯсдуздӣ чанд ҳафта, ӯро шавҳари холааш ба мактаб ҳамроҳӣ мекард ва бо ин қазия анҷом ёфт.

Таҳдид бо корду бозгашт ба Ватан

Дар Русия зиндагияш мушкилию нофаҳмие надошт, танҳо боре духтаре ба далели тоҷик буданаш ӯро таҳқир карду бо корд таҳдид намуд, ки он ҳам бо узрхоҳии он духтар анҷомидааст. Овозхон аз ҳамсинфону устодонаш тавсиф кард.

Дар идома Мадина Ақназарова дар бораи бозгашти оилааш ба Душанбе, таҳсилаш дар риштаи санъат, майлаш ба овозхонии классикӣ, опера, эстрада ва халқӣ суҳбат карда, чанд пораи сурудро низ иҷро намуд.