Ҷаримаи падари 50 сола барои ҳақорати ҳамсар ва духтараш

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини пойтахтро барои дашноми ҳамсар ва духтараш ҷарима кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27  июн — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи расмии суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ҷаримашуда Маъруф Камолови 50 сола падари чор фарзанд, сокини шаҳри Душанбе мебошад.

Парванда ва ҷаримаи як зани 63 сола барои мубодилаи асъори хориҷа дар Душанбе

Ба иттлои манбаъ, номбурда санаи 7 июни соли ҷорӣ тахминан соатҳои 22:30 дақиқа нисбати ҳамсараш Обидова Назира Мамадзоировна ва духтараш Камолова Шукрона Маруфовна, зӯроварии ҷисмонӣ нишон дода, дашномҳои қабеҳи таҳқиромез додааст.

Манбаъ мегӯяд, Маъруф Камолов дар маҷлиси судӣ худашро гунаҳгор ҳисобида, аз кирдори содиркардааш сидқан пушаймонӣ изҳор намуда, аз суд хоҳиш кард, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

Гуфта мешавад, додгоҳ Камолов Маъруфро бо моддаи 93 (1) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ў мувофиқи ҳамин модда ҷазои ҷарима ба андозаи се нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 174 (яксаду ҳафтоду чор) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин кардааст.