Захарова дар бораи кӯмаки моддии Русия ба мактабҳои Тоҷикистон: 11 миллион медиҳем

Намояндаи расмии ВКХ Русия Мария Захарова дар бораи маблағгузории Русия ба низоми хӯрокдиҳӣ дар мактабҳои Тоҷикистон гуфт
Sputnik

Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия дар нишасти матбуотии навбатиаш дар бораи кӯмаки моддии Русия ба Тоҷикистон гуфт.

Захарова дар бораи кӯмаки моддии Русия ба мактабҳои Тоҷикистон: 11 миллион медиҳем

"Русия ва СММ ба амалӣ кардани қисми севум ва охирони тарҳи муштаракашон дар рушди низоми босуботи хӯрокдиҳӣ дар мактабҳои Тоҷикистон сар карданд. Ба ин низом барномаи таъмири ошхонаҳо, баланд бардоштани сатҳи дониш ва таҷрибаи кормандони мактабҳои Тоҷикистон ва тарғиби хӯроки солим ворид мешаванд", - таъкид кардааст Захарова.

Захарова ба айбдоркуниҳои Русия дар бораи нооромиҳо дар ИМА посух дод

Намояндаи ВКХ Русия таъкид намудааст, ки Русия бо ин мақсад ба Тоҷикистон аз соли 2020 то соли 2023 11 миллион доллар ҷудо мекунад.

"Аз аввали ин барнома, яъне соли 2013 дар Тоҷикистон ошхонаҳои зиёд таъмир гардида, барои кормандони 60 мактаби кишвар тренингҳо баргузор шудааст, 7 нонвойхонаи мактаб навсозӣ ё бунёд карда шуда, 10 гармхона сохта ба истифода дода шудааст", - афзудааст Захарова.

"Ин кӯмаки калони Русия, ки ба воситаи Барномаи ҷаҳонии ғизо дар соҳаи таъмини бехатарии озуқаворӣ расонида мешавад, далели омодагии Русия дар дастгирии рушди Тоҷикистон дар рӯҳияи шарикии стратегӣ мебошад", - гуфтааст дар анҷом вай.