Урупо пас аз бардоштани маҳдудиятҳо сарҳадро барои тоҷикистониён боз мекунад

Намояндагони нақлиёти Иттиҳоди Урупо масъалаи кушодани сарҳад барои 60 кишвари ҷаҳонро баррасӣ доранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Комиссияи вижа дар шаҳри Брюссел масъалаи кушодани сарҳади Иттиҳоди Урупоро баррасӣ дорад, хабар  медиҳад "Евронюс".

Русия парвозҳои байналмилалиро барқарор мекунад

Масъалаи асоссии мавриди баҳс рӯйхати кишварҳое мебошад, ки барои онҳо сарҳад боз мешавад.

Муайян шуда, ки рӯзи кушоиши сарҳад на барвақттар аз 1 июл мешавад. Ҳамчунин гурӯҳ мувофиқа карда, ки шарти асосӣ барои интихоби ин ё он давлат, шумораи ҳолатҳои сироятёбӣ на беш 100 ҳазор нафар мешавад.

Бояд қайд кард, ки ин бор барои сафар ба Урупо на ба шаҳрвандӣ, балкӣ ба ҷои иқомат авлавият дода мешавад.

Эълони сана ва хатсайри парвозҳо миёни Тоҷикистону Русия-ҷадвал

Эҳтимолан сарҳади Иттиҳоди Урупо барои Русия, ИМА, Бразилия ва Қатар, то беҳтар шудани вазъи ҳамагирӣ, баста боқӣ мемонад.

Тоҷикистон тибқи рӯйхати пешакӣ ба 60 кишвари "сабз" дохил мешавад.

"Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" 8 парвози чартерӣ аз шаҳрҳои Русияро анҷом медиҳанд

Комиссия баррасии ин масъаларо рӯзи ҷумъа идома хоҳад дод. Рӯйхати кишварҳое, ки иҷозаи сафар ба Иттиҳоди Урупоро мегиранд, ҳар ду ҳафта нав мешавад.