Молу мулк мусодира шуд: шарҳи ВУД Тоҷикистон аз ҳукми додгоҳ нисбати "Муқимча" ва гурӯҳаш

Масъулини вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳукми додгоҳи шаҳри Душанберо, ки 7 нафар аъзоёни гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби трансмиллиро маҳкум кард, шарҳ додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26  июн — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикисто, кирдору ҳаракатҳои ҳар як аъзоёни гурӯҳ тибқи талаботи моддаи 200 қисми 4-и Қодекси ҷиноятии Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дар ҳаҷми махсусан калон) бастубанд карда шуда, дар рафти баррасии парвандаи мазкур дар маҷлиси ошкорои судӣ нисбати ҳар кадоме ҷазои сазовор таъин карда шудааст.

Додгоҳ "Муқимча" ва гуруҳашро ба 125 соли зиндон маҳкум кард-видео

ВУД Тоҷикистон таъкид доштааст, ки нисбати роҳбари гурӯҳи муташаккили қочоқчиёни маводи мухаддир Қурбонов Муқим Шералиевич ва ду нафар ҳаммаслаки дигараш Назиров Рӯҳангез Латифович ва Боронов Ҳикматулло Мирзоевич ҷазои ҷиноӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муддати 20 сол таъин карда шуд.

Пулиси Душанбе "Муқимча" бо тимашро боздошт кард: 70 кг маводи мухадирашон мусодира шуд

“Илова бар ин аъзоёни дигари гурӯҳ Назиров Сироҷ Сулаймонович, Салимдодов Шамсиддин Самиевич, Латипов Зоир Гадоевич ва Қаландаров Доваршо Мирзоевич ба муҳлатҳои аз 15 то 17-солӣ бо адои ҷазо дар калонияҳои низомашон сахт таъин карда шуданд. Ҳамзамон молу мулки маҳкумшудагон, аз қабили манзили истиқоматии 2-ошёна, лимухона, маркази савдои “Осиё”, манзили истиқоматӣ воқеъ дар шаҳри Норак ва 7-адад автомашинаҳои гаронарзиши хориҷӣ, ки аз ҷониби милитсияи шаҳри Душанбе дар рафти чорабиниҳои оперативӣ-тафтишоӣ ба ҳабс гирифта шуда буданд, ба фоидаи давлат мусодира гардиданд”, - қайд намудааст ВУД Тоҷикистонт.

Бояд қайд кард, ки ин гурӯҳи нашъаҷаллоби трансмиллӣ дар ҳайати 7 нафар 3 моҳ қабл аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе боздошт карда шуда, дар умум аз ин гурӯҳ зиёда аз 70 кг воситаҳои гуногуни нашъадор мусодира гардида буд.

Тафсилоти бештари боздошти "Муқимча" бо шогирдони нашъаҷаллобаш - навор

Манбаъ зикр кардааст, ки дар идомаи баргузории чорабиниҳои тафтишотӣ аз ҷониби мақомоти милитсияи пойтахт схемаи ғайриқонунии интиқоли воситаҳои нашъадори гурӯҳ, ки ба муомилоти он дар дохил ва хориҷи кившар машғул будаанд, муайян ва фаъолияти пинҳонии аъзоёни он дар дохил ва хориҷ пурра барҳам дода шуд.

Аз Аврупо ба Тоҷикистон: Ошкорсозии шабакаи нашъаҷаллобон ва ҷустуҷӯйи Рамазонзода Зафар

“Дар доираи тафтиши парвандаи ҷиноӣ муайян карда шуд, ки ҳамаи ин дастгиршудагон чун занҷира ва ҳалқаҳои ҷиноятӣ бо ҳамдигар пайваст ва робита дошта, воситаҳои нашъадорро аз гурӯҳҳои нашъаҷаллоби кишвари ҳамсоя, яъне Афғонистон ба таври қочоқ ба ҳудуди Тоҷикистон ворид намуда, сипас ба кишварҳои дигар интиқол медодаанд”, - таъкид намудааст ВУД Тоҷикистон.

Роҳбари ин гурӯҳ Қурбонов Муқим Шералиевич сокини шаҳри Норак, ҷамоати деҳоти Пули Сангин, деҳаи Кибил буда, дар байни гурӯҳҳои нашъаҷаллоб бо тахаллусҳои “Муқимча” ва ”Бачаи кампир” маъруф аст.

Манбаъ иттилоъ додааст ҳарчанд гузаштаи доғдоркунандаи ҷиноӣ дошта, ду маротиба маҳбасӣ гардида бошад ҳам, боз ба худ хулосаи ибратбахш набароварда, бо таъсиси як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ба қочоқ ва хариду фуруши воситаҳои нашъадор даст задааст.

Дар рафти тафтиши пешакӣ саҳми ҳар як аъзоёни гурӯҳ дар қочоқи маводи мухаддир, дастраснамоӣ, интиқол, паҳнкунӣ ва фуруши он дар дохил ва кившарҳои хориҷа муайян карда шуда, дақиқ гардид, ки хариду фуруш ва ҳамагуна амалиётҳои додудигирифти ғайриқонунии воситаҳои нашъадорро роҳбари гурӯҳи муташаккил Қурбонов Муқим назорат ва нақшабандӣ намуда, тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ аз ҷумла “Ватс-Ап”, “Имо”, “Вайбер” бо дигар ҳаммаслаконаш ба роҳ мондааст.