Путин гирифтани шаҳрвандиро осонтар кард

Муҳлати баррасии додани шаҳрвандӣ аз рӯзи аввали супоридани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ то шаш моҳ давом хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 июн – Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин қарор дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи додани шаҳрвандии Федератсияи Русияро имзо кард.

Қонуни мазкур рӯзи панҷшанбе, 25 июн дар торномаи ҳуқуқии кишвар нашр шудааст.

Ҳамин тавр, муҳлати баррасии додани шаҳрвандӣ аз рӯзи аввали супоридани ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ то шаш моҳ давом хоҳад кард.

"Муҳлати баррасии ҳуҷҷатҳо барои додани шаҳрвандии Русия ё баромадан аз он, ки дар бахши "б" - и  қисми аввали моддаи 32-и қонуни федеролӣ оид ба қабули қарор дар бораи додани шаҳрвандии Русия ба таври содда, то шаш моҳро дар бар мегирад", - омадааст дар қарори мазкур.

Тибқи ин қарор муҳлати баррасии ҳуҷҷатҳо набояд аз ду моҳ бештар дароз кашад.

Ҳамчунин рӯзи 17 июн қонуне сари кор омад, ки мувофиқи он баррасии ҳуҷҷатҳо барои додани шаҳрвандии Русия аз шаш моҳ то се моҳ кам карда шуд, Дар ин қонун сухан танҳо дар бораи дархостҳое меравад, ки  дар ҳудуди Русия супорида шудаанд.