Ҷанҷоли маргбори 2 ҷавони ҳамдеҳа ҳангоми алафдаравӣ

Муноқишаи ду ҷавони ҳамдеҳа ҳангоми алафдаравӣ дар ноҳияи Кӯшониён бо марги яке, ки ҳамагӣ 20 сол дошт, анҷом ёфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 июн - Sputnik. Тибқи гузориши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, муноқишаи маргбор шоми 17 июн дар ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён рух додааст.

Таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб ба рӯи ҳомиладорони гирифтори COVID - 19 баста шуд: куҷо раванд?

Ба иттилои манбаъ, ба идораи милисаи ноҳия хабар расонда шуд, ки ба беморхонаи марказӣ ҷасади Муродалӣ Фақиров, зодаи соли 2000-ум ворид гардид.

Маъмурини милиса муайян намудаанд, ки марҳум бар асари муноқиша бо ҳамдеҳааш ба ҳалокат расидааст.

Муттаҳам дар марги Фақиров Муродалии 20-cола, ҳамдеҳааш Наврӯз Зардаков, сокини деҳоти ҷамоати Сарвати Истиқлол боздошт гардид.

Зардаков дар гузориши ВУД изҳор медорад, ки Фақиров нахуст ӯро дашном карда, дасташро кашида заданӣ буд, ки ӯ бо дос задаст. Ҷабрдида чанд метр аз ҷои ҷанҷол дуртар рафта, афтидааст, нақл кард муттаҳам.

ВУД таъкид кард, ки Зардаков ба қисмати чапи қафаси синаи Фақиров задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар роҳ ба беморхона ба ҳалокат расидааст.