"Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" 8 парвози чартерӣ аз шаҳрҳои Русияро анҷом медиҳанд

Ширкатҳои ҳавонавардии Тоҷикистон сар аз 25 - уми июн парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия ва баръаксро анҷом медиҳанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Аз 25 - уми июн ширкатҳои ҳавонавардии "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" ба интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия ба ватан шурӯъ мекунанд, хабар медиҳад агенти "Авеста".

Хушхабар: аз 25 - июн парвозҳо аз Русия ба Тоҷикистон оғоз меёбанд

Ба иттилои манбаъ, ширкатҳои ҳавонавардии кишвар, феълан барои анҷом додани 8 парвози чартерӣ иҷозат гирифтанд.

Парвозҳои мазкур аз шаҳрҳои Маскав, Санкт - Петербург, Новосибирск, Екатеринбург ва Қазон сурат мегиранд.

Ёдовар мешавем, чанде қабл мақомоти ҳавопаймоии Тоҷикистон барои овардани шаҳрвандони худ аз қаламрави Русия тариқи парвозҳои чартерӣ иҷозати расмӣ гирифтанд.

Барқарории парвозҳо аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистону Аморати Муттаҳидаи Араб дар моҳи июл

мақомоти Русия ҳамчунин ба мувофиқа расиданд, ки ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" низ шаҳрвандони Русияро аз Тоҷикистон ба ватанашон интиқол медиҳанд.

Зимнан, ВУХ таъкид намудааст, ки рӯйхати шаҳрвандони Русия аз ҷониби сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ пешниҳод карда мешавад.

Афзалият дар рӯзҳои аввали парвоз асосан ба шаҳрвандони мариз, занони кӯдакдор ва ё ҳомила дода мешавад.

Гузашта аз ин, бартарият ба нафароне дода мешавад, ки тариқи кори расмияшон ба Русия рафта он ҷо дармонданд.