То 41 дараҷа гармӣ: пешгӯии дақиқи дамои ҳаво дар Тоҷикистон барои имрӯз

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дамои ҳаворо барои имрӯз тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ намудааст. Дар вилояти Хатлон то 41 дараҷа гарм шудани ҳаво дар назар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда ва дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад, хабар медиҳад агентии Ховар бо такя ба маълумоти обуҳавошиносон.

Обу ҳаво: имрӯз дар Тоҷикистон то 41дараҷа гарм мешавад

Ба иттилои манбаъ, ҳаво дар ғарби вилоят шабона 11+16 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 1+6 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбанда шуда, эҳтимолияти боришоти нисбатан сусти марҳилавӣ (0-0,5мм) дар назар мебошад. Шамол  аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Пешгӯйии дақиқи обу ҳаво дар Тоҷикистон: борони кӯтоҳмуддат меборад

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 22+27 ва рӯзона 36+41 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 18+23 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 19+24 ва рӯзона 34+39 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 9+14 ва  рӯзона 24+279 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 20+22 ва  рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.