Иқтисодчиён пешбинии дақиқи қурби долларро то тирамоҳ гуфтанд

Иқтисоддонҳо гуфтанд, ки тайи чанд моҳи оянда тақдири доллар ва рубл дар бозори асъор чӣ хоҳад буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25  июн — Sputnik. Июн моҳи хуб барои рубл буд, аммо пули Русия аз болоравии нархи нафт ақиб монд, гуфт коршиноси бозори саҳмияҳои "БКС Брокер"Дмитрий Бабин дар мусоҳиба бо "Российская газета".

Ҷаҳиши боварнакардании доллар дар тобистон: пешгӯии иқтисоддонҳо

"Дар ҳолати афзоиши минбаъдаи нархи нафт, рубл бо суръати сусттар идома меёбад. Дар баробари ин, агар вазъ дар бозори нафт бадтар шавад, пули Русия боз метавонад пастравии ҷиддиро эҳсос кунад" гуфт иқтисоддон.

Таҳлилгар ҳушдор медиҳад, ки мавҷи дуюми коронавирус метавонад бӯҳрони амиқ ва дарозтари ҷаҳонро ба вуҷуд орад.

"Ин омил дар дурнамои миёнамӯҳлат яке аз нақшҳои асосӣ дар динамикаи ҳама бозорҳо хоҳад буд. Бадшавии вазъ бо коронавиурс ба бозори нафт низ зарба хоҳад зад, зеро он ба барқароршавии босуръати талаботҳои ҷаҳонии нафт хотима хоҳад дод",- гуфт Бабин.

Тибқи пешгӯиҳои иқтисоддон, дар моҳҳои оянда доллар метавонад аз марзи 68-69 рубл баромада, аз 70 рубл гузарад.

"Дар шароити таҳдиди афзояндаи иқтисодӣ ва геополитикӣ, бо назардошти он ки бисёр дороиҳои хавфнок ба сатҳи пеш аз бӯҳрон наздиканд, сармоягузорони ҷаҳонӣ боэҳтиёттар хоҳанд буд. Дар ин маврид рубл истисно нест ва бинобар ин ба бад шудани эҳтимолияти вазъи хориҷӣ якбора вокуниш нишон медиҳад", таҳлилгар хулоса кард.

Ба гуфти коршинос бо дарназардошти шароти иқтисодӣ ва сиёсӣ сармоягузорон, ки дороиҳояшон дар лобалои буҳрон имкон дорад қарор бигирад, аз эҳтиёт кор мегиранд.

Сад рубл барои як доллар: таҳлилгарон дар бораи бадтарин сенарияи пандемия гуфтанд

Рубл дар ин маврид истисно нест ва аз ин рӯ, омода аст ба бад шудани эҳтимолии вазъи хориҷӣ вокуниш нишон диҳад, хулоса кард таҳлилгар.

Дар бораи уфти қурби рубл қаблан дар пешгӯии Маркази таҳлили макроиқтисодӣ ва дурнамои кӯтоҳмуддат  (ЦМАКП) зикр шуда буд.
Тибқи пешгӯии ин марказ, дар сурате, ки мавҷи дуввуми коронавирус дар ҷаҳон оғоз шавад ва кишварҳо дубора маҳдудиятҳо ҷорӣ кунанд, доллар метавонад ба 90-100 рубл бирасад.

Тибқи гузориш, коҳиши назарраси рубл дар нимаи дуюми соли 2020 зери таъсири коҳиши нархи нафт ва афзоиши мавсимии талаботи дохилӣ ба асъори хориҷӣ дар назар аст.

Коршиносон ҳадс мезананд, ки доллар дар семоҳаи чоруми соли равон метавонад аз 85 рубл фаротар равад ва дар баттарин вазъ, 1 доллар 100 рубл хоҳад шуд.