Аз Кунар то Кӯлоб: ду “ҷанг” – и Мирзоев ва поягузории артиши Тоҷикистон

Дар остонаи Иди Ваҳдати миллӣ яке аз “афғонӣ” – ҳо аз нақши собиқадорони ҷанги Афғонистон дар сулҳу суботи Тоҷикистон қисса кард. Ба қавли ӯ, онҳо ду “ҷанги алайҳи террор” – ро таҷриба карда, дар поягузории Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон саҳм гирифтаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Ҳикматулло Мирзоев, раҳбари созмони ҷамъиятии “Маъюбони ҷанги Афғонистон”, ки ҳам дар “ҷанги афғон” (1979 – 1988) ва ҳам ҷанги дохилии Тоҷикистон (1992-1997) ширкат кардааст, мегӯяд, “афғонҳо” – собиқ сарбозони шӯравӣ дар ҷанги Афғонистон - дар ду “ҷанг алайҳи террор” ҷангида, аввалин отряди низомиеро ташкил додаанд, ки мӯҷиби ба қудрат расидани ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон шуд.

Таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб ба рӯи ҳомиладорони гирифтори COVID - 19 баста шуд: куҷо раванд?

“Имрӯзҳо мегӯянд, ки аввалин набард алайҳи терроризми байнулмилалиро дар Афғонистон артиши 40 – уми Иттиҳоди Шӯравӣ бар дӯш дошт. Ин фикри дуруст ва мантиқӣ аст. Мо – собиқадорони ҷанги Афғонистон дар он набарди бузург ширкат доштем. Ҷанги Тоҷикистон низ идомаи мантиқии он ҷанг буд. Мо – “афғонҳо” аввалин отряди низомии расмиро таъсис додем, ки артиши давлати имрӯзии Тоҷикистонро асос гузошт”, - мегӯяд Ҳикматулло Мирзоев.

Маъмурияти махсус

Ҳикматулло Мирзоев ҳоло 54 – сол дорад. Ӯ зодаи шаҳри Кӯлоби собиқ вилояти ҳамном буда, соли 1984 ба сафи артиши Шӯравӣ даъват шуд. Пас аз шаш моҳи давраи омӯзиш ба Бригадаи махсуси 15 – и нерӯҳои таъиноти хоси Раёсати иктишофи давлатӣ (ГРУ) – и вазорати дифоъи Иттиҳоди Шӯравӣ, мустақар дар шаҳри Марино Горкаи Белорус пайваст.

"Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" 8 парвози чартерӣ аз шаҳрҳои Русияро анҷом медиҳанд

“Он замон дар Афғонистон Артиши 40 – ум меҷангид. Баъдтар иттилоъ ёфтем, ки нерӯҳои хоси ин артиш дар амри ҷилавгирӣ аз корвонҳои ёрии низомии муҷоҳидини афғон аз Покистон ба Афғонистон кӯтаҳ омадаанд ва вазорати дифоъи Иттиҳоди Шӯравӣ зарур донистааст, ки барои эҷоди, ба истилоҳ “Парда” дар марзи ду кишвар чанд отряди вижаи яккачин таъсис диҳад. Яке аз онҳо Отряди ҷудогонаи 334 – и таъиноти хос буд, ки моҳи декабри соли 1984 таъсис ёфт ва маро ҳамчун ронандаи БМП – мошини ҷангии зиреҳдор - ба он шомил карданд, - ба ёд меорад Ҳикматулло Мирзоев.

Моҳи марти соли 1985 Отряди ҷудогонаи 334 – и таъиноти хос пас аз тамринҳо дар шаҳри Чирчиқи Ӯзбекистон ба шаҳри Асадободи вилояти Кунар, шарқитарин ва доғтарин нуқтаи истиқрори нерӯҳои Шӯравӣ дар Афғонистон интиқол ёфт ва як моҳ пас яке аз фоҷиаҳои таърихи ин ҷангро ба номи худ сабт кард.

Пул надиҳӣ беобрӯят, мекунам: "шантаж"-и се зани оиладори деҳотӣ аз сӯи як ҷавон-видео

21 апрели соли 1985 дар дараи Марвори Кунар дар ҷанги рӯёрӯӣ бо муҷоҳидини афғон (ба қавли манобеъи шӯравӣ, ҷангиёни Ҳизби исломии Гулбиддин Ҳикматёр ва ба қавли манобеъи амрикоӣ, ҷангиёни Ҷалолуддин Ҳаққонӣ, баъдтар асосгузори “Шабакаи Ҳаққонӣ”) 31 сарбози як ротаи ин отряд кушта ва ҳудуди 50 нафари дигар захмӣ шуданд.

- Дар ин амалиёт бачаҳои тоҷик низ ширкат карда, се тани мо - Абдураҳмон Чӯтанов, Олег Қосимов ва Исматулло Маҳдиев ҷон бохтанд. То охири хизмат банда шоҳиди шаҳодати боз ду тоҷики дигар – Маҳмадюсуф Элмуродов ва Убайдулло Сафаров дар ҳайати ин отряд будам, - мегӯяд Ҳикматулло Мирзоев.

Мавсуф дар сафи отряди устураии 334 то баҳори 1986 дар ҳудуди 50 амалиёт дар вилоятҳои бо Покистон ҳаммарзи Кунар, Нангарҳор, Лағмон, Пактиёву Пактико ширкат кард. Дар ин манотиқ аввалин пойгоҳҳои созмонҳои ҷаҳонии террористие, назири “Ал-қоида”, “Лашкари тайиба” ва фармондеҳони маъруфи афғон – Гулбиддин Ҳикматёр, Абдураб Расули Сайёф, Мавлавӣ Муҳаммадӣ, ки Мулло Умар, асосгузори Толибон, фармондеҳаш буд ва дигарон фаъолият мекарданд.

- Вазифаи мо кашфу нобуд кардани пойгоҳҳои шӯришиён ва ҷилавгирӣ аз интиқоли корвонҳои силоҳ ба дохили Афғонистон буд. Дар ду сол мо даҳҳо пойгоҳу корвон ва анбори силоҳи онҳоро нобуд кардем. Муҷоҳидин зиёд буданд ва каминҳо тартиб дода, ба мо ҳамла мекарданд, - қисса мекунад ҳамсӯҳбати мо.

Ҳикматулло Мирзоев то ин ки аз хизмат баргардад, ду бор захмӣ шуд ва се бор БМП – мошини зиреҳдори ҷангиаш ба минаҳои ҷодаӣ асобат кард...

Ҷанги дуюм

Ҳикматулло пас аз хизмати ҳарбӣ тобистони соли 1986 ба факултаи забону адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дохил шуда, онро бо ихтисоси омӯзгор хатм кард. Соли 1990 инструктори шуъбаи идеологии кумитаи комсомолӣ таъин ва раиси Иттиҳодияи собиқадорони ҷанги Афғонистон дар вилояти Кӯлоб интихоб шуд.

Боздошти милиса: корманди ВКД ба гирифтани пора муттаҳам мешавад - ожонс номашро гуфт

Баҳори соли 1992 дар майдони “Шаҳидон” – и шаҳри Душанбе мухолифини ҳукумати Тоҷикистон даст ба гирдиҳамоиҳо зада, ҳукумати марказиро фалаҷ сохтанд. Дар қатори садҳо нафаре, ки аз Кӯлоб ба Душанбе омаданд ва дар майдони “Озодӣ” хайма заданд, Ҳикматулло Мирзоев ва дигар собиқадорони ҷанги Афғонистон низ буданд.

- Мо ба ҳимоят аз ҳукумати қонунии президент Раҳмон Набиев омада будем. Таҳлилҳо ин буданд, ки мухолифин таҳти таъсири исломиён рафта, ҳатто бархе раҳбаронашон эълон карданд, ки дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд хоҳанд кард. Мо мухолифи ин ақида ва ҷонибдори нигаҳ доштани сохти конститутсионӣ будем, - қисса мекунад Ҳикматулло Мирзоев.

Форсии тоҷикӣ забони расмӣ дар Ӯзбекистон?

Президент Набиев 1 майи соли 1992 бо судури як фармон таъсиси Горди миллиро эълон ва Бӯрихон Ҷобиров, як устоди Донишгоҳи тарбияи ҷисмониро фармондеҳ таъин намуд. Ин горд аз чор рота иборат буд, ки якеро Ҳикматулло Мирзоев раҳбарӣ мекард. Дар умум 1003 нафар шомили Горди миллӣ шуданд ва миёни онҳо 1800 силоҳи “Калашников” тавзеъ шуд, ки аз ин 104 автомат ба афроди таҳти фармони Мирзоев - собиқадорони ҷанги Афғонистон расид.

Он замон вазъ ба коми мухолифин буд ва ҷонибдорони ҳукумат маҷбур шуданд Душанберо тарк кунанд. Кори Горди миллӣ низ амалан хатм шуд. Мирзоев ва афродаш ба Кӯлоб баргаштанд.

- Дар шаҳр як бебандуборӣ ҳукм меронд. Вақте мо ба бинои Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб омадем, касе ҳузур надошт. Суол ин буд, ки мо чӣ кор кунем? Силоҳоямонро супорем, ё чӣ? Касе набуд, ки пурсем. Бинои Кумитаро таҳти ҳифозат гирифтем. Пас аз он ки раҳбарон пайдо шуданд, аз онҳо хостам, ки фаъолияти моро қонунӣ кунанд. Чандин гурӯҳи мусаллаҳ ва ғайримасъул дар шаҳр ҳузур доштанд. Мо намехостем, ки як гуруҳи мусаллаҳи ғайриқонунӣ бошем. 29 майи соли 1992 Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб таҳти №144 қарори таъсиси Отряди ихтиёрии муҳофизони Ватанро содир кард, - қисса мекунад Ҳикматулло Мирзоев.

Раҳмон аз ҷой хест: гузашти ҳарбиёни тоҷик дар паради Маскав бо парчами Тоҷикистон - видео

Ҳамин тавр, ин отряд тамоми иншооти стратегии вилоят, аз ҷумла майдони ҳавоӣ, заводи нонпазӣ, анборҳои сӯзишворӣ, телевизион ва радиои Кӯлоб ва корхонаи тиллои Шугновро таҳти ҳифозат гирифт. Ҳамзамон дар ҳалли ихтилофҳо миёни гурӯҳҳои дигар нақши калидӣ дошт. Ва яке аз корҳояш ҳам ин буд, ки Сангак Сафаров, баъдтар фармондеҳи Фронти халқиро аз дасти як гурӯҳ халос карда, аз марг наҷот дод. Ба қавли Мирзоев, ин отряд аввалин нерӯи низомии расмӣ буд, ки дар пайи он Фронти халқӣ таъсис ёфт ва ахирӣ 23 феврали соли 1993 асоси нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон шуд.

Отряди Мирзоев то охири соли 1992 дар ҷангҳои дохилӣ дар ҳама ҷабҳаҳо ҷангид. Моҳи декабри ҳамон сол Ҳикматулло Мирзоев дар суҳбат ба ТВ Кӯлоб аз пурра фатҳ шудани вилояти Қӯрғонтеппа хабар дод. Дар ин мусоҳиба, ки сабти таърих шудааст, Мирзоев фирориёнро ба ватан мекунад ва мегӯяд, соли 1993 – ро соли сулҳу субот ва якдигарфаҳмиву бунёдкорӣ хоҳем кард.

Маълум шуд, ки тоҷикистониён дар Ҷашни ваҳдат чанд рӯз истироҳат мекунанд

- Ин мавқеъи ман ва ин ки мо – “афғонӣ” – ҳо намегузоштем мардуми бумиро силоҳбадастон азият диҳанд, ба бисёриҳо писанд набуд, аммо он замон касе ҳам қудрати рӯёрӯӣ бо моро ҳам надошт, - мегӯяд ҳамсӯҳбати мо.

Баъди ба қудрат расидани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон собиқадорони ҷанги Афғонистон таҳти раҳбарии Ҳикматулло Мирзоев ба отряди махсуси вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Кӯлоб таҳти фармондеҳии Қурбон Чолов дохил шуда, дар ҷангҳои мақтаъӣ дар Тавилдара ва дигар нуқтаҳои доғ низ ширкат карданд. Дар ин ҷанг аз миёни 305 узви отряди Мирзоев 56 нафар кушта ва даҳҳои тани дигар захмӣ шуданд.

Мирзоев баъди дар ҷузву томҳои милиса ва ҳам Раёсати навташкили марзбонии Тоҷикистон хизмат кардан, ба зиндагии оддии мулкӣ баргашт ва ҳоло раҳбарии созмони ҷамъиятии “Маъюбони ҷанги Афғонистон” – ро ба зимма дорад.

Ӯ дар ҷанги Афғонистон медали “Барои шуҷоат” – ро гирифта буд. Сентябри соли 2017 як гуруҳ ҳамразмонаш аз Отряди 334 ба Душанбе омада, ба ӯ ордени “Ситораи Сурх” – ро эҳдо намуданд. Фаромӯш накарда будаанд...