Шамоли сахт дар Душанбе дарахти азимеро шикаста болои ду мошин афтонд

Шамоли сахт дар шаҳри Душанбе дарахти азимеро шикаста болои ду мошини тамғаи "Лексус" ва "Опел" афтонд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода аз шамоли сахте дар пойтахт хабар медиҳад, ки харобиҳо дар пай дошт.

Шамоли шаби 23 июн дар баъзе манотиқи кишвар ба ҳадде шадид буд, ки гумон мерафт харобиҳое дар пай дошт.

Мори рамида дар манзили сокини Душанбе ва об дар таҳхона

Тибқи иттилои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднӣ дар шаҳри Душанбе як дарахти азим шикаста болои ду мошин афтидааст.

"Ин ҳодиса як поси шаб рух дод ва соати 02:30 сокинони кӯчаи Бухорои пойтахт иттило додаанд, ки дарахти азими сояафкан аз шамоли сахт шикаст ва болои ду мошини тамғаи Лексус ва Опел уфтод", - омадааст дар хабарнома. 

Манбаъ хабар медиҳад, ки барои бартараф намудани ҳолати баамаломада соати 02:33 дақиқа дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе иборат аз 5 нафар ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуданд.

Онҳо то соати 04:10 дақиқа ҳолати ба амаломадаро бартараф намуданд. Дар бораи хисороти мошинҳо чизе гуфта нашудааст.