Раҳмон аз ҷой хест: гузашти ҳарбиёни тоҷик дар паради Маскав бо парчами Тоҷикистон - видео

Дар гузашти низомие, ки имрӯз бахшида ба таҷлили 75-солагии Иди Ғалаба дар Майдони Сурхи Маскав баргузор гардид, 15 ҳазор низомӣ, аз ҷумла 75 низомии тоҷик иштирок карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Имрӯз, 24 июн дар Маскав бахшида ба 75-умин солгарди Пирӯзӣ бар фашизм дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ  гузашти низоми ботантана баргузор гардид, ки дар он сарони кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок доштанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон 23 июн барои ширкат дар ин тантанаҳо аз Душанбе ба Маскав парвоз кард. Имрӯз кишвардори Тоҷикистонро президенти Русия Владимир Путин истиқбол гирифт. 

Дар маркази асосии баргузории чорабиниҳои тантанавӣ – Майдони Сурх паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки дар он 15 ҳазор низомӣ иштирок намуданд.

Дар паради ҳарбӣ ҳамчунин 225 техника ва 150 тайёраи ҳарбӣ истифода шуда, 24 намунаи муосиртарин техникаи ҳарбӣ - мудофиавӣ муарифӣ карда шуд. Дар расми паради ҳарбӣ дар баробари намоядагии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон низ курсантони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа, аскарону афсарони Полки таъминотӣ ва идоракунии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.

Аз нахустин парад дар соли 1945, то гузашти низомие, ки 9 май доир нашуд: торихи чорабинӣ

Шумораи умумии иштирокчиёни Паради ҳарбӣ аз Тоҷикистон 75 нафарро ташкил дода, гузашти низомии ҳайати шахсиро дар Майдони Сурхи шаҳри Москва командири Баталиони қаровули фахрии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковник Ҳафиззода Файзимуҳаммад роҳбаладӣ намуданд.

Дар наворе, ки шабакаҳои телевизионии Русия гузашти низомии ҳарбиёни Тоҷикистонро нишон доданд, дида мешавад, ки ин ҳангоми раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷой бархостааст. 

Дар сафи аввал афсарон парчами Тоҷикистонро мебардорад.