Путин: натсизмро мардуми Шӯравӣ шикаст дод

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия тамоми мардуми кишварашро ба муносибати ҷашни 75-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik.  Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар пеш аз оғози гузашти низомӣ ӣахшида ба 75-умин солгарди пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ таъкид дошт, ки натсизмро мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ шикаст додааст.

“Мо ҳамеша дар хотирот мемонем, ки натсизмро мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ шикаст дод. Миллионҳо нафар ва миллатҳои гуногун аз ҷумҳуриҳои мухталифи Иттиҳоди Шӯравӣ шикаст доданд”, - гуфт роҳбари Русия.

Раисҷумҳур илова кард, ки дар ҷанг, дар оқибгоҳ ва дар отрядҳои партизанҳо  бо ҷасорату ягонагӣ мубориза мебурданду меҳнат мекарданд.

Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар гузашти низомӣ вориди Кремл шуд

Путин инчунин илова кард, ки мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ барои озодии Аврупо хисороти ҳангуфти ҷонӣ дод.

Ёдрас мешавем, ки дар ин гузашти низоми, ки дар даврони пас аз пандемияи коронавирус баргузор шуд, беш аз 13 ҳазор неруи низомӣ, 216 таҷҳизоти низомӣ ва 75 ҳавопаймои мухталиф дар маросими имсол ширкат доранд. Инчунин дар ин гузашти низомӣ низомиёни 13 кишвари мухталиф низ иштирок дорад.

Дар ин чорабинии тантанавӣ роҳбарони як қатор кишварҳо, аз ҷумла Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳузур дорад.

Бояд гуфт, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар - Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.