Маълум шуд, ки тоҷикистониён дар Ҷашни ваҳдат чанд рӯз истироҳат мекунанд

Шумораи рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон дар охири июн маълум шуд. 27 июн дар кишвар Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад
Sputnik

 

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон ба наздики Рӯзи ваҳдати миллиро таҷлил мекунанд. Ҳамасола дар ин рӯз барои сокинони кишвар рӯзи истироҳатӣ эълон мешавад.

Баррасии пешвозу гусели Раҳмон дар ВМКБ: Ёдгор Файзов фаҳмонд, ки чӣ бояд кард
Имсол ид ба рӯзи истироҳат рост меояд, маъмулист, ки рӯзи истироҳатии ҷашн ба рӯзи дигар гузаронида мешавад.

 

"Бо сабаби он ки 27 июн ба рӯзи истироҳатӣ рост меояд, яъне ба рӯзи шанбе, он ба таври автоматӣ ба рӯзи душанбе - 29 июн кӯчонида мешавад", - гуфтааст Исмоил Файзизода муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил.

Ҳамин тавр, дар кишвар аз бино бар ҷашни ваҳдат 27 июн то 29 июн рӯзҳои истироҳатӣ эълон шудаанд.

Пас аз се рӯзи истироҳат, 30 июн рӯзи корӣ аст, афзудааст Файзизода.