Қарзи музди меҳнат дар Тоҷикистон ба 5 миллион доллар расид

Аз аввали соли равонқарзи музди меҳнат дар Тоҷикистон наздик ба 1,6 миллион доллар афзоиш ёфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии омори Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ қарзи умумии музди меҳнат наздик ба панҷ миллион доллар расидааст.

Нигаронии Раҳмон аз маошу марги кормандон дар ҷои кор: 47 нафар фавтиданд

Тибқи иттилои Ожонсӣ, аз аввали соли равон қарзи умумии музди меҳнат наздик ба 1,6 миллион доллар зиёд шудаааст, ки 33,1 дарсади ҳаҷми умумии қарзро ташкил медиҳад.

Қарзи бештар дар соҳаи бахши воқеъӣ ба назар мерасад. Қарз дар ин бахш ба 3,9 миллион доллар расидааст. Дар ҳамин ҳол, дар бахши сохтмон қарз ба 1,5 миллион доллар ва дар бахши истихроҷи канданиҳои фоиданок 1,4 миллион доллар расидааст.  

Дар бахши хизматрасонӣ қарз наздик ба як миллион доллар расидааст.

Дар ҳаин ҳол, Ожонсии омор таъкид доштааст, ки дар моҳи апрел музди моҳонаи миёна дар Тоҷикистон 132 долларро ташкил додааст. Аз ҳама маоши камтаринро дар Тоҷикистон дар соҳаи кишоварзӣ, ҷангалбонӣ ва моҳигирӣ (58 доллар) мегиранд. Дар Тоҷикистон аз ҳама бештар кормандони бонк маош мегиранд (тахминан 341 доллар дар як моҳ).