Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар гузашти низомӣ вориди Кремл шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо бо сафари расмӣ дар Маскав ҳузур дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои иштирок дар гузашти низомӣ бахшида ба 75-солгарди пирузӣ бар Олмони фашистӣ ба шаҳри Маскав ворид кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар раъси як ҳайати ҳукуматӣ ба Русия сафар кард

Роҳбари Тоҷикистон шоми дирӯз вориди Маскав шуд, то дар чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намояд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамин лаҳза ба кохи Кремлин ворид шуд, то дар Майдони Сурх дар гузаштӣ низомӣ иштирок намояд. 

Ёдрас мешавем, ки мақомоти Русия бо назардошти пандемияи коронавирус гузашти низомӣ бахшида ба 75-солгарди пирузӣ бар Олмони фашистиро, ки ҳамасола рӯзи 9-уми май таҷлил мешуд, санаи 24-уми июн баргузор намуд.

24 июн ҳамчун рӯзи асосии баргузории гузашти низомӣ бахшида ба Пирӯзӣ дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар ҳоли баррасӣ аст. Маҳз 24 июни соли 1945 бори аввал бахшида ба пирӯзӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ гузашти низомӣ баргузор шуда буд.

Бояд қайд кард, ки як воҳиди сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар гузашти низоми бахшида ба Рӯзи Ғалаба, ки рӯзи 24 июн дар Майдони Сурхи Маскав баргузор мешавад, иштирок доранд.

Ёдрас мешавем, ки дар ин гузашти низоми, ки дар даврони пас аз пандемияи коронавирус баргузор шуд, беш аз 13 ҳазор неруи низомӣ, 216 таҷҳизоти низомӣ ва 75 ҳавопаймои мухталиф дар маросими имсол ширкат доранд. Инчунин дар ин гузашти низомӣ низомиёни 13 кишвари мухталиф низ иштирок дорад.

Дар ин чорабинии тантанавӣ роҳбарони як қатор кишварҳо, аз ҷумла Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҳузур дорад.

Бояд гуфт, ки солҳои ҶБВ аз аҳолии 1,5 милюнии Тоҷикистон камубеш 300 ҳазор кас ба ҷанг рафта, беш аз 100 ҳазор кас аз онҳо шаҳид шудаанд. Аз ин шумор 55 ҳазор сарбозу афсар бо нишону медолҳо ва 54 кас бо болотарин унвони кишвар - Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ сарфароз гардиданд.