Ҳукми сарбоз барои дуздӣ ва фирор аз хизмат

Додгоҳи низомии Душанбе сарбоз Алишер Хоҷаевро барои дуздӣ ва фирор аз хизмат ҳангоми рухсатӣ ба 2,5 соли зиндон маҳкум кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Тибқи иттилои додгоҳи низомӣ, Хоҷаев моҳи ноябри соли 2018 аз тарафи комиссияи даъватии ноҳияи Лахш ба артиш даъват шуда, дар қисми ҳарбии 0123 нерӯҳои марзбонӣ хизмат мекардааст.

Аз духтарчаи 4-сола то марди 71-сола: 50 ҷасади интиқолёфта - кӣ буданду аз чӣ фавтиданд?

Манбаъ афзуд, ки сарбоз аз 19 то 29-уми июли соли 2019 ба рухсатӣ ҷавоб дода шуда, баъди ба охир расидани муҳлати рухсатӣ ба маҳалли хизматаш барнагаштааст. Дар иттилоияи додгоҳ омадааст, ки Хоҷаев дар баробари саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ даст ба содир намудани ҷинояти дуздӣ задааст.

Аз ҷумла шаби 19-уми ноябри соли 2019 дар интернет-кафеи ба номи “Rampage” воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, кӯчаи А.Дониш, ошёнаи дуюм бинои №5 хоб рафта, саҳарии санаи 20-уми ноябри соли 2019, ҳангоме ҳамроҳааш Раҷабов хоб будааст, телефони “Samsung Galaxy A 40”-ашро дуздидааст.

Дар иттилоияи додгоҳ арзиши “Samsung Galaxy A 40” 2 ҳазору 200 сомонӣ арзёбӣ шудааст. Илова шудааст, ки Хоҷаев телефони дуздидаашро дар бозори “Саховат” ба шаҳрванд Исматуллоев ба маблағи 500 сомонӣ фурӯхтааст.

Бар асоси иттилоия, дар пайи чораҳои тафтишотӣ, 12 –уми феврали соли 2020 телефони мобилии тамғаи “Samsung Galaxy A 40” аз бародари Исматуллоев ёфта, гирифта шудааст.

Додгоҳи низомӣ Хоҷаев Алишерро барои дуздӣ ва саркашӣ аз хизмат ба 2,5 соли зиндон маҳкум кардааст.