ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Бишкек собиқ президенти Қирғизистон Алмосбек Отамбоевро ба 11 соли зиндон маҳкум кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Собиқ роҳбари ҷумҳурӣ дар парвандаи мақоми ҷиноятӣ Азиз Батукаев ба фасодкорӣ гунаҳгор дониста шуд.
Қаблан прокуратураи Қиғизистон Алмосбек Отамбоевро бо ин ҷурм гунаҳгор дониста ба ӯ 15 соли зиндон ва мусодираи амволаш талаб карда буд.
Айбдоркунандаи давлатӣ ҳамчунин ба муттаҳамони дигари парвандаи Азиз Батукаев собиқ прокурории генералии Қирғизистон Индира Ҷолдубаве 15 сол, ва барои ду мансабдори дигар - мушовири пешини сардори Хадамоти давлатии иҷрои ҷазо Қалибек Качкиналиев ва собиқ директори Маркази миллии гематологӣ Абдуҳалим Раимҷонов - 13 солӣ зиндон талаб карда буд.
Гуфта мешавад дар маҷмӯъ 19 нафар дар парвандаи раҳоии Азиз Батукаев муттаҳам мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2006 Батукаев барои ташкили тазоҳурот дар як муассисаи ислоҳотӣ дар канори Бишкек ба 16 солу 8 моҳ зиндонӣ шуд.
Он замон, дар натиҷаи тазоҳурот дар зиндон, вакили қирғиз Тиничбек Акматбоев, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазо Ҳикматулла Полотов ва ду аъзои порлумон кушта шуданд.
Соли 2013 Батукаев бар асоси хулосаи ташхиси тиббӣ, гӯё ӯ ба саратони хун гирифтор аст, аз зиндон озод шуд. Аммо Батукаев бо гузашти ҳамагӣ чанд соат шиносномаи нав гирифт ва қаламрави Қирғизистонро тарк кард.
Зимнан, тафтишот муайян намуданд, ки дар раҳо шудани Батукаев худи собиқ раисҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев даст доштаст.
Алмосбек Отамбоев, ки моҳи августи соли гузашта пас аз як задухӯрди шадид миёни ҷонибдорони ӯ ва низомиёни дастаи таъиноти махсуси Қирғизистон дастгир карда шуд, то ҳол дар КДАМ ин кишвар нигаҳдорӣ мешавад.
Ӯро дар содир намудани чандин ҷиноятҳо муттаҳам медонанд.