Шарипов: Бӯҳрони ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон имконият фароҳам меорад

Тоҷикистон аз буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ чӣ гуна манфиатҳои иқтисодӣ ба даст оварда метавонад, гуфт коршиноси тоҷик оид ба иқтисод, доктори илмҳои иқтисодӣ Баҳром Шарипов
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. "Тоҷикистон барои кор дар шароити бӯҳронӣ таҷриба дорад, зеро дар кишвар ваҳшат вуҷуд надорад ва тиҷорати давлатӣ ва хусусӣ зич фаъолият мекунанд", гуфт Шарипов ба Sputnik Тоҷикистон.

Аз манъи кори якҷояи наздикон то эълони дороиҳои бонкирҳо: иловаҳо ба қонуни умури бонкӣ

Ба гуфтаи вай, дар солҳои охир кори Фонди дастгирии рушди соҳибкорӣ пурзӯр гашта, дар онҷо барои соҳибкории саноатӣ қарзҳои имтиёзнок дода мешаванд.

"Ҳаҷми ин захираҳо меафзояд, аммо ҳамзамон дар робита ба эҳтиёҷоте, ки ба соҳибкорон вуҷуд дорад, он ҳоло ҳам нокифоя аст. Аз ин рӯ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вазифа гузошт, ки хазинаи оинномавиро ба як миллиард сомонӣ табдил диҳад",-гуфт ӯ.

Ин ҳамчунин дастгирии имтиёзнокро афзоиш медиҳад, илова намуд ӯ.

Номбурда гуфт, диққати бештар ба ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва дохилӣ дода мешавад. Дар солҳои охир, ташкили корхонаҳои нав, лоиҳаҳои сохтмонӣ, манзил бо ҷалби сармоягузориҳои хусусӣ бештар идома доранд, гуфт ӯ.

"Бӯҳрони ҳам иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва ҳам минтақавӣ барои кишварҳои алоҳидаи рӯ ба тараққӣ имкониятҳои навро дар самти ишғоли молҳои нав дар бозорҳои ин кишварҳо фароҳам меорад ва аз ин рӯ барномаҳои рушди содирот амалӣ карда мешаванд",- гуфт Шарипов.

Аз ҷумла, барои рушди корхонаҳои ба содирот нигаронидашуда маҷмӯи кӯмаки беруна пешбинӣ шудааст ва дар ин ҷода ба рушди ивазкунии воридот диққати зиёд дода мешавад.

Чунин тадбирҳо натиҷа медиҳанд ва инро коршиносони хориҷӣ низ эътироф мекунанд, қайд кард иқтисодчӣ.

"Иқтисодиёти Тоҷикистон мӯътадил аст, суръати афзоиш коҳиш хоҳад ёфт, аммо ҳама чиз дар чорчӯбаи кам шудани ин нархҳо хоҳад буд" гуфт ӯ.