Пешниҳоди Путин барои боло бурдани андоз аз даромад

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати навбатияш ба шаҳрвандон пешниҳод кард, ки андоз аз даромади шахсони воқеӣ барои афроде, ки даромади бештар доранд, боло бурда шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Путин зимни ироаи паём ба шаҳрвандон зикр кард, ки феълан андоз аз даромади шахсони воқеӣ 13 дарсадро ташкил медиҳад.

54 ҳолати ҷадид: омори нави сироят, шифоёбӣ ва фавт аз коронавирус дар Тоҷикистон

“Дар вазъи феълӣ, ки шаҳрвандон бо даромадҳои гуногун андоз аз даромадро якхела - 13 дарсад пардохт мекунанд, дар назари аввал то ҷое ноадолатона менамояд”, -  гуфт Путин.

Ӯ пешниҳод кард, ки аз 1 январи соли 2021 барои онҳое, ки аз 5 миллион рубл бештар дар як сол маош мегиранд, андоз аз даромади шахсони воқеӣ 15 дарсад муайян карда шавад.

Раисиҷумҳури Русия намуд, ки аз ин ҳисоб соле ҳудуди 60 миллиард рубл ба буҷаи давлат ворид мешавад. Президент таъкид намуд, ки ин 60 миллиард рубл бояд ба табобати кӯдакони бемори вазнин ва ҷарроҳиҳои муосир равона карда шавад.

Путин инчунин бо назрдошти вазъи мушкили феълӣ пешниҳод кард, ки дар моҳи июл низ 10 ҳазор рубл кӯдакони то 16-сола пардохта шавад.