Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

"Падарам маро мешиносад, аммо ҳарф намезанад": Ҳабиб вазъи Абдулманапро шарҳ дод

Абдулманап Нурмуҳаммедов падари қаҳрамони ҷаҳон оид ба муҳорибаҳои омехта дар вазни сабук то ҳол дар бемористони шаҳри Маскав ба дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ пайваст аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Қаҳрамони UFC дар вазни сабук Ҳабиб  Нурмуҳаммедов чанде қабл дар мусоҳиба бо Шабакаи аввали Русия вазъи падар ва ҳамзамон мураббии худро шарҳ дод.

"Вазъи саломатии падарам ҳамоно вазнин аст. Ӯ дар шӯъбаи эҳёгарӣ тариқи дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ нафас мекашад. Ман ҳамарӯза ба хабаргирияш меравам ва давоми яку ним соат дар наздаш меистам. Вақте мепурсам:"падар маро мешиносӣ, - дар ҷавоб сар меҷунбонад". Чун ба дастгоҳ пайваст аст ҳарфе гуфта наметавонад, - афзудааст Ҳабиб.

Бидуни беҳбудӣ: вазъи падари Ҳабиб Нурмуҳаммадов ҳамоно вазнин аст

Абдулманап Нурмуҳаммедов ҳанӯз моҳи май ба маризии сироятии коронавирус мубтало гардид. Нахуст табобатро дар Доғистон гирифт, аммо пас аз бад шудани аҳволат ӯро фавран ба яке аз дармонгоҳҳои шаҳри Маскав интиқол доданд.

Гуфта мешавад, вируси COVID - 19 ҳудуди 75 дарсади шушҳояшро сироят намудааст.

Қаблан Рабаданов дӯсти ин хонавода хабар дода буд, ки аз ҳисоби илтиҳоби шадиди шуш, мураббии номӣ ба сактаи мағзӣ гирифтор шудааст. 

"Табибон худ ӯро вориди "ком" (беҳушӣ) намуданд ва аз ин вазъият ҳам худашон ӯро берун оварданд. Аммо вазъияти ӯ ҳамоно вазнин аст ва мо аз шифо ёфтани ӯ умедворем", - афзуда буд дӯсти хонаводаи Нурмуҳаммедовҳо.