Гӯристони тоҷикони фавтидаи даври пандемия дар Маскав-видеои шанбегии ризокорон

Ризокорони созмони “Нур” дар як гӯристони тоҷикон, ки тайи моҳҳои хуруҷи коронавирус дар ноҳияи Истраи вилояти Маскав ташкил шуд, шанбегӣ гузаронданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Зураб Муборакшоев, ризокори “Нур” мегӯяд, дар пайи марзбандиҳои давраи пандемия мақомоти ноҳияи Истраи вилояти Маскав замин ҷудо карданд.

“Тайи се-чор моҳ дар ин ҷо беш аз 50 шаҳрванди Тоҷикистон ба хок супорида шуд. Имсол дар моҳи Рамазон карантин буд ва имкон надоштем, ба шанбегӣ бароем. Инак баъди бардоштани маҳдудиятҳо ризокорон барои тозаю ба тартиб даровардани гӯристон омаданд. Баъди анҷоми кор дар ин ҷо гӯристони масеҳиёнро низ, ки дар наздикӣ қарор дорад, тоза хоҳем кард”, - гуфт Муборакшоев.

Ӯ илова намуд, то замони гирифтани замин барои гӯристон дар ноҳияи Истра, ки дар 50 километрии шаҳри Маскав ҷойгир аст, фавтидагонро дар вақти пандемия ба Тула, Твер ва Липетск мебурданд, чун дар шаҳри Маскав замин хеле гарон аст.

Муборакшоев ба ризокорон сипос гуфт, ки дар замони пандемия дар бахшҳои гуногун, аз таъмини ғизо то табобату масоили гӯристон фаъолу муттаҳид буданд. Ӯ афзуд, ки шанбегиҳоро дар гӯристонҳо мунтазам мегузаронанд ва манзилҳои гузаштагонро тозаю тармим мекунанд.