ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Раёсати ВКД дар пойтахт, ин худравҳо зимни баргузории амалиёти шартии “Чароғаки шуълавар” боздошт гардиданд.
Ба иттилои манбаъ, ронандагон ба худравҳои хеш сигналҳои махсуси овозӣ ва чароғакҳои шуълавари нурафшон насб кардаанд, ки он ғайриқонунӣ мебошад.
Ин ниҳод Қодиров Султонбек, ронандаи автомашинаи тамғаи Хонда-Аккорд, рақами давлатиаш 1111 SR 03, Абдуллоев Муҳаммад, ронандаи автомашинаи тамғаи Мерседес-С-Класс, рақами қайд 1111ВХ 01, Ҳалимов Зайниддин, ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ, рақами қайд 4445 ВВ 01, Шарипов Шаҳриёр,ронандаи автомашинаи тамғаи Ленкрузер-Прадо, аломати қайд 0006 КА 01 ва ғайраҳоро боздошт кардааст.
Манбаъ мегӯяд нисбатба ронандаҳои боздоштшуда парвандаи маҳмурӣ ва аз 3 то 5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима шуданд.
Гуфта мешавад, ҳамчунин дар доираи ин амалиёт барои фурӯши ғайриқонунии ин таҷҳизот як қатор фурӯшандаҳои бозорҳо низ боздошт шудаанд.