Қасди худкушии ҷавони 25-сола: худро аз болои пул ба дарёи Кофарниҳон андохт

Як сокини ноҳияи Ёвон дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат аз болои пули дарёи Кофарниҳон худро ба қасди худкушӣ ба дарё афкандааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ваҳдат аз қасди худкушии ҷавоне хабар медиҳад.

Тибқи иттиои манбаъ, ҷавони25-сола рӯзи 20 июни соли 2020 тахминан соати 12:35 дақиқа як сокини ноҳияи Ёвон дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат аз болои пули дарёи Кофарниҳон худро ба қасди худкушӣ ба дарё афкандааст.

"Баъди гирифтани хабар ҳайати шахсии бахши шаҳри Ваҳдат сари вақт ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, дар якҷоягӣ бо кормандони ҶДММ Ёқут-2000 шаҳрвандро аз дарёи Кофарниҳон наҷот доданд ва ӯро бо автомашинаи ёрии таъҷилӣ ба беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат интиқол доданд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки айни ҳол вазъи саломатиаш хуб мебошад.

Худкушӣ дар Суғд: ҷасади духтари 16-сола баъди 5 рӯз пайдо шуд

Гуфта мешавад, ки номбурда дар бораи сабаби аслии қасд ба ҷони худ кардан то кунун чизе нагуфтааст.