Ҷамъомад дар Душанбе: аз мақолаи Путин то дуои руҳонӣ

Ба ифтихори Рӯзи сӯгу ёдоварӣ дар гӯристони православии Душанбе бо ҳузури беш аз 50 нафар ва сафир Русия дар Тоҷикистон як ҷамъомад баргузор шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Абдурашид Абдураҳмонов, раиси Шӯрои собиқадорони дивизияи 201 – и Русия дар Тоҷикистон, ки ин ҷамъомадро оғоз бахшид, гуфт, Рӯзи сӯгу ёдоварӣ гиромидошти миллионҳо нафар аз мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ аст, ки дар набардҳо, урдугоҳҳои фашистӣ, шаҳрҳои муҳосирашуда ва гуруснагӣ дар ақибгоҳ ҷон бохтаанд.

"Мо дар сӯги ҳар касе, ки ба баҳои ҷон қарзи худро ҳангоми ҳифзи ватан дар он солҳои сахт анҷом додааст, менишинем", - гуфт Абдурашид Абдураҳмонов.

Рӯзи сӯгу ёдоварӣ ҳар сол 22 июн аз соли 1996 ба ин сӯ дар Русия барои бузургдошти қурбониёни Ҷанги Бузурги ватанӣ (1941-1945), ки намояндагони Тоҷикистон низ ҳамроҳ бо соири шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Шӯравии собиқ дар ҷангу ақибгоҳ фавтидаанд, баргузор мешавад.

Соли 2020 аз сӯи раисҷумҳури Русия Владимир Путин сол Ёдовариву Шараф низ эълом шудааст. Имсол ин таърих дар остонаи ҷашни 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги ватанӣ дар Маскав, ки аз 9 май ба 24 июн ба таъвиқ афтод, баргузор мешавад.

Мақолаи бузурге аз Владимир Путин дар остонаи ин ҷашн мунташир шуд, ки дар саросари ҷаҳон вокунишҳои зиёдеро ба бор овард. Ин мақола посухе ба таҳрифи таърихи Ҷанги ҷаҳонии дувум талаққӣ мешавад, ки бархе муаррихон дар Ғарб ҳатто нақшеро бар Иттиҳоди Шӯравӣ дар пирӯзӣ алайҳи фашизм қоил намешаванд.

Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон низ дар суханрониаш назароти худро дар мавриди ин мақолаи "барномавӣ, ҷолиб, эҳсосӣ" ва бар асоси ҳақоиқу шавоҳид навишташудаи раисҷумҳури Русия ба иштирок гузошт.

"Ин посухест барои он даста аз неруҳои ғарбӣ, ки талош мекунанд натоиҷи ҷангро таҳрифу ҷаъл карда ва онро ба равиши комилан мутафовит ироа диҳанд. Аммо фаъолони ҷунбиши ватанпарастӣ дар Тоҷикистон ҳастанд, ки талош мекунанд то вақоеъи 75 соли пеш дар қалбу зеҳни тоҷикистониён ва ҳам мо ҳифз шавад ва ин хотира ҳаргиз аз байн наравад. Талоши онҳост, ки он хотира ҳамеша бо мо монад ва натанҳо ба мо, балки ба наслҳои дигар, ба вежа ҷавонони имрӯзӣ мунтақил шавад", - гуфт Игор Лякин-Фролов.

Шахсан аз Шойгу

Пас аз суханронии сафир маросими эҳдои ҷоизаҳо шахсан аз Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия ба як идда аз фаъолони ҳаракати ёдоварӣ баргузор шуд, ки ба гуфтаи сафир, бо масоили собиқадорон, тарбияи ҷавонон ва дарки саҳеҳ аз воқеаҳои 75 соли пеш сарукор доранд.

Раҳмон дар оромгоҳи "Сарбози номаълум" гулчанбар гузошт

Ба ин тартиб, Раҳмат Қудратов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Тоҷикистон, Ғайбулло Каримов, раиси Шӯрои собиқадорони шаҳри Душанбе, Сӯҳробшоҳ Олимов, раиси Кумитаи ҷанговарони башардӯсти Тоҷикистон, Ибодулло Шарифов, раиси Кумитаи ҷанговарони башардӯсти ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо медали "Барои хидматҳо дар амри ҷовидона кардани ёду хотираи мудофеъони Ватан" сарфароз гардиданд.

Ба Ғафур Шерматов, муаррих, раҳбари гурӯҳи "Хотира - 201" , нишони барҷастагии "Барои барҷастагӣ дар ҷунбиши ҷустуҷӯи дараҷа 1" эҳдо шуд.

Медали "Ба ёди қаҳрамонон Ватан" – ро Павел Дик, раиси Ҷамъияти русзабонони шаҳри Турсунзода, Музаффар Мадалиев, муовини Кумитаи иттифоқҳои касабаи Ширкати алюминиуми Тоҷикистон (Талко), Галина Назарова, мудири филиали Бунёди рушди “Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти авруосиёӣ” дар Тоҷикистон ва Абдуғафур Ҷабборов, сокини Қаратоғи Турсунзода рӯи сина овехтанд.

Нишони барҷастагии "Барои барҷастагӣ дар ҷунбиши ҷустуҷӯи дараҷа 3" ба фаъолони ҳаракати ёдоварӣ - Ҳорис Нурмуҳаммадов ва Темур Назаров эҳдо шуд.

Каломи Худо

Пас аз бахши расмӣ ҷамъомадагон барои дуову сипос сари қабри "Сарбози номаълум" ва он сарбозон ва афсароне, ки дар гӯристони православӣ дафн шуда буданд, рафтанд. Дар ин гӯристон беш аз ҳазор иштирокдори Ҷанги Бузурги ватанӣ манзили охират гузидаанд.

Дуо тавассути падар Роман, намояндаи Калисои православӣ дар Душанбе анҷом шуд, ки бо истинод ба “Инҷил”, китоби муқаддаси насрониён бар аҳамияти ёдоварӣ ва эҳтироми қурбониёни озодии Ватан таъкид дошт.

"Чаро ёдоварӣ муҳим ва зарурӣ аст? Бадани инсон мемирад, аммо рӯҳи вай боқӣ мемонад ва дуоҳои моро мешунавад", - гуфт падар Роман.

Пас аз дуо ширкаткунандагони ҷамъомад - аз сафир ва соири кормандони сафорати Русия дар Тоҷикистон гирифта, то ҷанговарони башардӯст, аъзои ҷанбиши дучархасаворӣ, рӯзноманигорон ва дигарон бар рӯи мазори "Сарбози номаълум" гул гузоштанд.

Дар бахши дигар ва охирини ин рӯйдод ҳама ширкаткунандагони ҷамъомад дар рангмолӣ кардани ситораҳои сари мазори сарбозон ва афсарон ширкат карданд, ки 75 сол ба ин сӯ ба абадият пайвастаанд ва ҳамасола аз онҳо ёд меоваранд ва барояшон ба сӯг менишинанд.