То 300 сомонӣ ҷарима барои насби таҷҳизоти садодиҳанда: муроҷиати БДА ба ронандагон

Барои риоя накардани қоидаҳои насби таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ва ё асбобҳои иловагии берунии равшанидиҳанда ба воситаҳои нақлиёт мутобиқи моддаи 316 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз 3 то 5 нишондиҳанда (аз 174 то 290 сомонӣ) ҷарима таъин карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik. Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, пешгирӣ ва ошкор намудани қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, махсусан риоя накардани қоидаҳои ҷиҳозонидани таҷҳизотҳои махсуси садодиҳанда ё асбобҳои иловагии берунии равшанидиҳанда ба воситаҳои нақлиёте, ки ба хадамоти фаврӣ ва махсус таалуқ надоранд, аз ҷониби Раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то 21 июни соли ҷорӣ амалиёти мақсаднок дар ҳудуди ҷумҳурӣ гузаронида шуд.

ВКД: ронандаҳо ба ҳамдигар "сигнал" медиҳанд, дар куҷо нозири БДА истодааст

Дар ин бора ба  АМИТ «Ховар» сардори шӯъбаи ташвиқоту таблиғот-и РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Қурбонзода хабар додааст.

Бино ба иттилои Қурбонзода, дар давраи гузаронидани амалиёти ҷумҳуриявӣ аз тарафи кормандони БДА 81 далели ғайриқонунии насб кардани таҷҳизоти махсуси садодиҳанда, 509 далели ҷиҳозонидани асосбҳои ғайристандартии иловагии берунии равшанидиҳанда ва 8 далели дигар бошад дар маҷмуи ихроҷи газҳои кордкардашуда насб намудани таҷҳизоти овозӣ ошкор карда шуда нисбати вайронкунандагон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Манбаъ зикр намудааст, ки барои риоя накардани қоидаҳои насб кардани таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ва ё асбобҳои иловагии берунии равшанидиҳанда ба воситаҳои нақлиёт мутобиқи моддаи 316 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ба андозаи аз 3 то 5 нишондиҳанда (аз 174 то 290 сомонӣ) бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад.

Дар зимн, РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати ҳамаи соҳибони воситаҳои нақлиёт мерасонад, ки талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, қоидаҳои насб намудани таҷҳизоти махсуси садодиҳанда ва ё асбобҳои иловагии берунии равшанидиҳанда ба воситаҳои нақлиётро риоя намоянд.