Бонки миллӣ Алифбонкро 500 ҳазор сомонӣ ҷарима кард

Гурӯҳи кориӣ аз Бонки миллии Тоҷикистон Алифбонки ин кишварро ба пардохти 500 ҳазор сомонӣ ҷарима кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik. Абдуллоҳ  Қурбонов, раиси Алифбонк бо таъиди ин хабар гуфтааст, ки гурӯҳи корӣ аз Бонки миллӣ дар паи анҷоми таҳқиқ нуқсонҳоеро дар фаолияти ин ниҳоди молиявӣ ошкор карданд, ки бояд ислоҳ шавад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей" дар истинод ба сомонаи ТопТҷ.

Бонки миллӣ гуфт, дар сурати мушкил бо бонкҳо шаҳрвандон ба куҷо муроҷиат кунанд

Инчунин вай илова кард, ки Алифбонк барои камбудиҳои ҷойдошта ба 500 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.

Абдуллоҳ  Қурбонов,  бо интишори ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ таъкид дошт, ки ин як намунае аз шаффофияти фаолияти ин бонк унвон мешавад.

Алифбонки Тоҷикистон, ки бар асоси бонкдории исломӣ ва бидуни дарёфти суд аз қарз фаолият мекунад, дар шароити густариши вируси корона даст ба ду ибтикори муҳим зада буд.

Дар иқдоми нахусти масъулони Алифбонк ба муштариён эълом карда буданд, ки дар ин шароити сахт барои касбу корҳо метавонанд қарзҳои худро бо таъхир пардохт кунанд ва ҳеҷ навъ ҷарима низ нахоҳанд шуд.

Ин бонк дар иқдоми дувум  ба  ҳамроҳи ширкати  мобелии Tcell  нармафзори интиқоли даромади молӣ аз Русия ба Тоҷикистонро бидуни дарёфти кормузд роҳандозӣ кардааст, ки дар ҳар амалиёт коргарони муҳоҷири тоҷик метавонанд аз Русия то 27 ҳазор рубли русӣ ба Тоҷикистон мунтақил кунанд.

Ин амалиёти интиқоли пул низ бидуни  дарёфти кормузд  хоҳад буд  дар ҳоле, ки дар дигар бонкҳои Тоҷикистон кормузди ин интиқол 10 то 12 дарсад аст.

Алифбонки  Тоҷикистон бо 200  корманд  дар шаҳрҳои  Душанбе ва  Хуҷанд ва шаҳри Тошканди Ӯзбекистон  фаолият мекунад.