600 муҳоҷири тоҷики дар марзи Қазоқистон дармонда ба Ватан расиданд

Оҷонси Созмони миллали муттаҳид доир ба муҳоҷират ба бозгашти 600 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар марзи Қазоқистон бо Узбекистон дармонда буданд, мусоидат намуд.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21  июн — Sputnik.  Аз Созмони байналмилалии муҳоҷират ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, муҳоҷирон бо автобусҳо роҳи дарозро аз гузаргоҳи марзии Жибек Жоли дар Қазоқистон тавассути Узбекистон тай намуда, шаби 19-уми июн ба Тоҷикистон расиданд.

Ҷазо барои қарорҳо ба фоидаи роҳбару хешонаш ва салоҳияти Президент: қабули қонуни нав

Ба иттилои манбаъ, ин ибтикорро ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҷониби Қазоқистон ва Узбекистон ҳамоҳанг намуд ва онро намояндагиҳои СБМ дар ҳар се ҷумҳурӣ созмон доданд.

Манбаъ мегӯяд, овардашудагон муҳоҷирони корӣ, донишҷӯён ва занону кӯдакон мебошанд.

“Беш аз чаҳоряки муҳоҷирони бозгашта ҷавонони аз 15 то 24-сола мебошанд ва тақрибан 100 нафарашон донишҷӯёни донишгоҳҳои қазоқӣ мебошанд. Тақрибан 15 дарсади бозгаштагон занону духтарон мебошанд. Дар ҳафтаҳои ахир, садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба марзи Қазоқистон бо Узбекистон бо умеди идомаи роҳ ба Тоҷикистон омада буданд”,-афзудааст манбаъ.

Бархе аз онҳо дар марз дар шароити сабрзудо бо дастрасии маҳдуд ба об, ғизо ва маводи беҳдоштӣ ва зери хатари гирифторӣ ба КОВИД-19 муддате ба сар бурданд, мегӯяд СБМ

“Ба сабаби набудани паноҳгоҳ, муҳоҷирон дар зери ҳавои кушод ва гарм ба сар бурданд. СБМ дар ҳамкорӣ бо созмони маҳаллии иҷтимоии Сана Сезим ба муҳоҷирон об, ғизо, маводи беҳдоштӣ тақсим кард”,- мегӯяд манбаъ.

СБМ аз ҳамаи ҷонибҳои дахлдор дар кишварҳои мизбон даъват кардааст, интиқол, ва ватани муҳоҷирон даъват мекунад, то роҳҳои бозгардонии муҳоҷирони дармондаро бо назардошти риояи меъёрҳои ҳимояи саломатии ҷомеа ҷӯё шаванд.

Дар пайи бемории фарогири КОВИД-19 давлатҳо барои пешгирӣ аз паҳншавии он марзҳояшонро бастанд, ки ба ҳама таъсир расониданд ва баъзе аз ин чораҳо вазъи осебпазири муҳоҷиронро мушкилтар гардонида, дар натиҷа, боиси бандмонии шумораи зиёди онҳо гардиданд.