Сафари Раҳмон ба Маскав: кай ва бо кӣ меравад?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бегоҳи рӯзи 23 июн ҷиҳати ширкат дар ҷашни 75 – солагии Ғалаба ба Маскав сафар хоҳад кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Абдуфаттоҳ Шарифзода, раҳбари маркази матбуоти Президенти Тоҷикистон дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳайати расмие низ бо Президент дар ин маърака ширкат хоҳад кард.

“Дар ин чорабинӣ Президенти Тоҷикистонро вазири мудофиа Шералӣ Мирзо ҳамроҳӣ мекунад ва ҳам сафири Тоҷикистон дар Русия Имомиддин Сатторӣ ба ҳайат хоҳад пайваст”, - гуфт Абдуфаттоҳ Шарифзода.

 Қаблан дастгоҳи Президенти Тоҷикистон хабар дода буд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамтои руси худ барои ширкат дар гузашти низомии 75 – солагии пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ даъватнома дарёфт кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Владимир Путин ба Маскав сафар мекунад

Соли равон ба далели густариши маризии “вируси корона” ё COVID - 19 дар ҷаҳон таҷлили оммавии Рӯзи Ғалаба дар Русия, ки ҳамасола рӯзи 9 май, баргузор мешуд, лағв шуд.

26 май Президенти Русия Владимир Путин бо судури як фармон эълон кард, ки ин ҷашн 24 июн таҷлил хоҳад шуд ва омодагӣ ба он дар шаҳри Маскав - пойтахти Русия ва дигар шаҳрҳо шуруъ шавад.

Далели интихоби ин санаро ҳам Президенти Русия ба ин рабт дод, ки маҳз 24 июни соли 1945 нахустин гузашти низомӣ баргузор шуда буд.

Бино ба иттилои мақомоти Русия, дар гузашти низомии ҷашни 75 – солагии Ғалабаро сарони ҳудуди 20 кишвари ҷаҳон ҳузур хоҳанд ёфт ва низомиёни 12 кишвар - Молдова, Муғулистон, Сербистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Чин, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон дар он ширкат хоҳанд кард.

Қаблан дафтари матбуоти вазорати дифоъи Тоҷикистон хабар дода буд, ки 75 низомии тоҷик, аз ҷумла курсантҳои донишкадаи вазорати дифоъ, афсарону сарбозони ҳанги таъминот ва идораи Ситоди умумии нируҳои кишвар, ҷиҳати тамринот тариқи ҳавопаймои низомии вазорати дифои Русия ба Маскав эъзом шудаанд.