СММ: шумори оворагон дар ҷаҳон ба 80 миллион нафар расид

Шумори оворагони ҷаҳон ба далоиле ҳамчун ҷанг, хушунат ва пайгард, ба 79, 5 миллион нафар расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Ба гузориши торнамои Созмони Милали Муттаҳид, комиссариати олии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид (UNHCR) дар тозатарин гузориши худ, ки имрӯз панҷшанбе мунашир кард, бо эъломи омори ҷадиди оворагони ҷаҳон афзуд, ки ин омор нишон медиҳад, ки аз ҳар 97 нафар ар кураи замин, як нафар маҷбур ба оворагӣ шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Партудей”. 

Дабири кулли СММ даъвати Слутскийро дар бораи бекор кардани таҳримҳо дастгирӣ мекунад

Ин гузориш нишон дод, ки фақат дар соли 2019, 8 миллиону 70 ҳазор нафар ба шумори оворагони ҷадид афзуда шудааст.

Афзоиши шумори оворагони ҷаҳон дар ҳоле аст, ки Антонио Гуттереш, дабири кулли Созмони Милаи Муттаҳид дар остонаи рӯзи ҷаҳонии оворагон, аз бетафовутии бархе кишварҳо дар қиболи мқҳоҷирон ва оворагон ибрози таассуф кардааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш СММ шумори оворагони ҷанг дар Афғонистон дар соли 2019-ро беш аз 370 ҳазор нафар эълом кард.

Таҳаррукоти гурӯҳҳои ифротӣ ва амалиёти низомиёни ишғолгари хориҷӣ, аз ҷумлаи иллатҳои идомаи оворагии мардуми Афғонистон аст.

Оворагии мардуми Афғонистон ба иллати ҷанг дар ҳоле аст, ки ихтилофот бар сари натиҷаи интихоботи раёсатҷумҳурӣ низ хатари ташдиди буҳрон дар ин кишварро афзоиш додааст.