Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз COVID - 19 дар Тоҷикистон

Нахустин ҳолати гирифторӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон 30 апрел сабт шуд. То 20 июн дар кишвар 5399 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID -19 ошкор гардидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон гузошта шуд, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 61 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз COVID - 19 дар Тоҷикистон

Бино ба иттилои манбаъ, то соати 18:00 дақиқаи 20 июн  дар кишвар 5399  нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави COVID-19   ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар кишвар 3894 (72.1%) нафар шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, то санаи зикргардида дар Тоҷикистон аз ин беморӣ 52 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то 20  июни соли равон дар кишвар 116 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 64  нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Ин ниҳод таъкид карда, ки имрӯзҳо дар 85 беморхонаи ҷумҳурӣ зиёда аз 7 ҳазору 500 табиб ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб сафарбар шудаанд.

Манбаъ афзуда, ки ғайр аз ин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии ҷумҳурӣ 7 ҳазору 600 табиб ва зиёда аз 24 ҳазор корманди миёнаи соҳаи тиб бо мақсади дарёфт, пешгирӣ ва расонидани кумаки аввалия ба мардум хизмат мерасонанд.