ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Нахуствазири Қазоқистон аз карантин хориҷ шуд, иттилоъ медиҳад "Парс тудэй" дар истинод ба расонаҳои кишвар.
Гуфта мешавад, нахуствазири Қазоқистон баъд аз итмоми замони пешбинишуда барои карантин ва манфӣ будани тести такрорӣ барои ташхиси коронавирус, аз карантин хориҷ шуд.
Илова бар ин, Асхат Аймагамубитов, вазири омӯзиш ва улум, Сапархан Умаров, вазири кишоварзӣ ва Мағзум Мирзоголиев, вазири экология, заминшиносӣ ва захираҳои табиии Қазоқистон низ баъд аз тай кардани ин марҳила ва тести манфӣ ба кори маъмулии худ баргаштанд.
Бозгашти қарантина ба Қазоқистон бинобар хуруҷи дубораи коронаврус
Нурсултон Назарбоев, нахустин раисҷумҳури кишвар ҳам ба коронавирус гирифтор шудаас. Дафтари матбуоти Назарбоев вазъи ӯро хуб арзёбӣ мекунад.