ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории “Авесто”, ҳаҷми умумии буҷаи ҳукумати Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли равон ба ҳашт миллиарду 104 миллион сомонӣ расида, ки касрии 15,2 дарсадиро нишон медиҳад.
Бар асоси ин гузориш, иҷрои барномаи бахши даромади буҷаи Ҳукумати Тоҷикистон тайи панҷ моҳи соли равон 84, 8 дарсад таъмин шудааст.
Вазорати молияи Тоҷикистон далели ин касрии буҷаро густариши вируси корона ба сабаби таътилии касбу корҳо ва коҳиши пардохти молиёт ва аворизи мухталиф унвон кардааст.
Мутахассисони вазорати молияи Тоҷикистон бо ишора ба авзои иқтисоди Тоҷикистон дар пайи густариши вируси корона дар ин кишвар эҳтимол касрии 230 миллион долларии буҷаи ҳукуматро то поёни имсол пешбинӣ кардаанд.
Ҳаҷми умумии буҷаи Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2020, 26 миллиарду 100 миллион сомонӣ, муодили ду миллиарду 100 миллион доллар аст.
Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар як номаи дархости кумаки молиявӣ аз Сандуқи байналмилалии пул, ки рӯзи 29 апрел фиристода шуда буд, таъкид дошт, ки ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба Тоҷикистон дар моҳи март ва нимаи аввали апрел 50% (80 миллион доллар) коҳиш ёфтааст.
Президент пешгӯӣ кардааст, ки бо коҳишёбии даромадҳо ва сарфаи маблағҳо барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус афзоиши назарраси касри буҷет дар назар аст.
Вай афзуд, ҳоло маблағҳои буҷа инчунин барои табобати нафарони бемор ва дастгирии камбизоатон равона шудааст.