ДУШАНБЕ, 19 июн – Sputnik. Дар пайи муроҷиати сокинон аз ҳуҷуми афзояндаи рӯбоҳу шағолҳо ба мурғу гурбаю дигар ҳайвоноти хонагӣ, мақомот ба роҳандозии амалиёт алайҳи нобудсозии ҳайвоноти ваҳшӣ ба Чашмаи арзанаи шаҳри Хуҷанд сафарбар шудаанд.
Мубин Маҳмудов, муовини раиси ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорони Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, муроҷиати сокинон дар бораи зарари ҳуҷуми шағолҳо ахиран дар ҷаласаи кори онҳо баррасӣ шуда, бораи гузаронидани амалиёт алайҳи ин қабил ҳайвоноти ваҳшӣ қарори дахлдор қабул шудааст.
"Барои қир ва маҳв намудани рӯбоҳу шағолҳо дар маҳаллаҳои Чашмаи арзана 300 сомони маблағ ва 30 дона тири милтиқи шикорӣ ҷудо шудааст. Се нафар аз ҷумла шахсан худи ман ҳамчун муовини раиси ҷамъияти шикорчиён ва моҳидорон барои нобуд намудани ҳайвоноти ваҳшӣ вазифадор шудаем", - гуфт Маҳмудов.
Бино ба гуфти Мубин Маҳмудов рӯзҳои 17 ба 18-уми июн дар ду рӯзи аввали амалиёт онҳо ғоре, ки дар он рӯбоҳу шағолҳо маскан гирифта буданд, иҳота намуда, се шағолро паррондаанд, вале дар ин миён чанд тои дигар бо баланд шудани садои тир аз ин маҳали зисти худ фирор кардаанд.
Шикорчиён мегуянд, имрӯз то пагоҳ ором (покой) буда, балки дар бораи маҳалли гаштузори ҳайвоноти ваҳшӣ аз сокинон маълумот ҷамъ меоваранд.
Давраи дуюми амалиётро аз шаби 20 - уми июн дар вақти ба сайд баромадани ҳайвоноти ваҳшӣ шурӯъ мекунанд.
Сокинони маҳаллаҳои Чашма аз гаштугузори ҳудуди 20 ҳайвони ваҳшии рӯбоҳшакл хабар медиҳанд, ки дар ин охирҳо ҳудуди 90 сар мурғу дигар ҳайвоноти хонагии онҳоро нобуд кардаанд.
Фотима Искандарова аз сокинони маҳаллаи Чашма гуфт, ки аз 40 сар мурғу чӯҷаҳояш танҳо як то боқӣ монда, ҳамаашро шағолҳо хурдаанд.
Дар се маҳаллаи Чашмаи арзана дар Хуҷанд ҳудуди 7 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Ба гуфтаи сокинон назар ба солҳои қаблӣ имсол шумори ҳайвоноти ваҳшӣ дар ин маҳаллаҳо бештар шудааст. Сокинони маҳаллаҳои Чашма мегуянд, чи гуна ба гурбаи хонагӣ дарафтодани шағолро дида, аз кӯдакони хурдсоли худ дар хавотиранд, ки мабодо ин ҳайвони ваҳшӣ ба онҳо ҳуҷум накунанд.
Мубин Маҳмудов иброз намуд, ки то замони пурра нобуд шудани ҳайвоноти ваҳшӣ амалиётро дар Чашмаи Хуҷанд идома медиҳанд.