КҲФ: дар кӯлу ҳавзҳои Тоҷикистон 28 нафар ғарқ шуданд: 9 ноболиғ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ғарқ шудани 28 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ҳавзу кӯлҳои кишвар хабар медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 июн – Sputnik. Сар аз авоили соли ҷорӣ дар кӯлу ҳавзҳои Тоҷикистон дасти кам28 нафар ғарқ шуданд, хабар медиҳад КҲФ.

Ба иттилои манбаъ, аз миёни 28 нафари ғарқшуда, 9 нафарашон аз 16 - сола поён мебошанд.  

Сокини 10 - солаи Кушониён дар заҳбур ғарқ шуд

Манаъ тавзеҳ медиҳад, ки омили асосии ғарқшавии онҳо қабл аз ҳама беэҳтиётӣ, шиноварӣ дар ҷойҳои мамнӯъ ва ҳамчунин бепарвогии волидон  мебошад.

Фоҷиа: ҷавони тоҷик дар Уфа кӯдакеро аз марг наҷот доду худ ғарқ шуд

Дар Тоҷикистон сар аз 15 - уми июн Ситоди мубориза алайҳи коронавирус расман ба кушодашавии мавсими шиноварӣ иҷозат дод.

Зимнан, то кушода шудани мавсим ҳамаи маконҳо барои шиноварӣ безарар гардонда шуда, бо маводҳои антисептикӣ таъмин гардида шуданд.

Қабл аз ифтитоҳ намояндагони КҲФ ҳамаи кӯлу ҳавзҳоро мавриди санҷиш қарор доданд.