ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи нахуствазири ин кишвар кишвар, дар Қазоқистон хуруҷи дубора коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, бо сабаби бадтар шудани вазъи эпидемиологӣ дар ҷумҳурӣ, тамоми маҳдудиятҳо баргардонида шуданд.
Тибқи қарори ҳукумати Қазоқистон, сар аз фардо дар шаш шаҳри калон ҷойҳои ҷамъиятӣ, марказҳои савдо ва толорҳои варзишӣ баста мешаванд.
Манбаъ мегӯяд, маҳдудиятҳо ба Нур-Султон, Алмаато, Караганда, Шимкент, Павлодар ва Экибастуз татбиқ карда мешаванд.
Илова бар ин, ҳаракати нақлиёти шаҳрӣ кам гаштаву гаштугузори нафарони аз 65-сола боло пурра манъ карда мешавад.
Ҳамчунин ҳукумати Қазоқистон амр додааст, ки даромадгоҳҳо ба минтақаҳои туристӣ баста шаванд.
Мураббии Ҳабиб гуфт, Нурмуҳаммадови калонӣ аз коронавирус шифо ёфтааст
Бино бар пояи оморҳои ахир теъдоди дардмандони коронавирус дар Қазоқистон ру ба афзоиш дошта ба 16 ҳазору 351 нафар расидааст.
Ҳамчунин аз ин беморӣ 105 нафар ҳалок ва 10 ҳазору 139 тани дигар шифо ёфтаанд.