Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ: Раҳмон масъулини вазоратҳои адлия, иқтисод ва БМТ - ро ҷо ба ҷо кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ тағйироти кадрӣ амалӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Имрӯз дар Қасри миллат кишвардор бо кадрҳое, ки дар вазоратҳои адлия, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, фарҳанг, кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин гардиданд, мулоқот кард, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.

"Шаъну шарафро паст зад": Раҳмон Турсунзодаро баъди 4 моҳ барканор кард

Ҳамин тавр, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурализода Ҷамолиддин аз вазифаи муовини якум ва Салимова Лола аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати ваколаташон озод гардида, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурализода Ҷамолиддин ба вазифаи муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин гардид.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдуманнон, Нодирӣ Шаҳноза ва Мирсайзод Ҳаким бо сабаби ба кори дигар гузаштанашон аз вазифаи муовинони вазири адлия озод гардида, Ализода Нигина ба вазифаи муовини якум, Ҳакимзода Асадулло ва Каримзода Шараф ба вазифаи муовинони вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

Ҳамчунин, бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон Давлатзода Зевар бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини вазири фарҳанг озод гардида, Шарифзода Манучеҳр ва Абдураҳимзода Қурбоналӣ ба вазифаи муовинони вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

Нодирӣ Шаҳноза ва Ализода Алишер ба вазифаи муовинони вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуда, Камолитдинзода Илёс аз вазифаи муовини вазири рушди иқтисод ва савдо озод, Насриддинзода Рухшона – муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, Ҳаётзода Фирдавс муовини якуми Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Холиқзода Абдуманнон муовини Сардори хадамоти мазкур таъин гардиданд.

Раҷабзода Маҳмадёр ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт» таъин ва Шоҳиён Маҳмуд аз ин вазифа озод шуд.